БАДХОҲИ КАСОН ҲЕҶ БА МАҚСАД НАРАСАД

Аз баромадҳои Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ дар саҳифаҳои иҷтимоӣ бармеояд, ки онҳо мехоҳанд Тоҷикистонро дигаргун бинанд, ба гуфти онҳо “давлатамон демократию дунявӣ” бошад.

Хуб, наход аз дур истода дар байни дигар давлатҳо сиёҳ кардани Тоҷикистону тоҷикистониён ин “демократия ва дунявӣ” бошаду онҳоро ба мақсад ноил кунад. Онҳо ба ватани худашон таънаву маломат мезананд, лекин худашон низ барои ба мақсадҳои нопок расидан ҳамаи корҳои ифлосро ба анҷом расонида истодаанд. Ҳатто аз дигар давлату халқҳо шарм намекунанд ва дар чунин ҷамъомадҳо ватани аҷдодии худро сиёҳ мекунанд, гапҳои сафсата гуфта мехоҳанд дигаронро низ аз роҳ бероҳа намоянд.

Мо шукргузорӣ аз он мекунем, ки дар Ватани ободу осоишта умр ба сар мебарем. Хурсанд аз он ҳастем, ки занону духтарон ва ҷавонон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт фаъолона ва озодона иштирок менамоянд.  Сол то сол зиндагиамон, маҳалламон, шаҳрамон дар маҷмӯъ Ватанамон обод шуда истодааст. Албатта дар ҳаёт камбудиҳо мешавад, локин ин маънои инро надорад, ки ҳар нохалаф таънаву маломат кунад, барои зиён расонидан ҳамаи чораҳоро андешад.  Агар мо ҳаёти беҳтаринро хоҳем, бояд ба худ савол диҳем, ки мо барои беҳтар шудани зиндагиамон, барои обод шудани хонаи худ, маҳаллаи худ, деҳаи худ, шаҳри худ, дар маҷмӯъ Ватани худ чӣ корҳоро ба анҷом расонидаем. На ин, ки аз дур истода дар назди дӯсту душман ҳамватанони худро зери маломат мононад. Ба ин савол бояд Кабирӣ ва шогирдону пайравони ӯ ҷавоб диҳанд.

Юсупова М.И. – ассистенти
кафедраи забони русии ДДХБСТ

Add comment


Security code
Refresh