ҲАРФИ НОАҲЛӢ ДАР ПАЙМОНИ ХОИНОН

Эътилофи навтаъсисдодаи ватанфурӯшон-Паймони миллӣ, мутаассифона то ба имрӯз “фаъолияти доманадор”-и хешро дар ҷодаи иғвоангезӣ идома дода истодааст.

Роҳбари он Кабирӣ сарзамини хешро доимо наҳ мезанад, ки гуфтаҳояш ягон далели шайъӣ надоранд. ҳама он муваффақиятҳое, ки мардуми сарбаланди мо ба даст оварда истодааст,  нодида гирифта, кишвари моро қафомонда мегӯяд. Тоҷикистони демокративу ҳуқуқбунёду дунявиро, ки бо суръати баланд рушду тараққӣ карда истодааст ва роҳбари ғамхори он барои некӯаҳволии халқ шабу рӯз заҳмат мекашад,  қафомондагуфтан камоли бетамизист,  ки то кунун ин хислат ба наҳзатиён мерос мондааст.

Намояндагону сарони ин ҷамъиятҳои берун аз кишвар созмондодашуда, аз кори хеш шарм ҳам намедоранд. Охир, Тоҷикистони мо ниёзманди ҷамъиятҳои гуногун нест, зеро мо ҳама аз як гиребон сар баровардаем ва муҳтоҷи “маслиҳатҳои устодони хориҷӣ” нестем, ки аз беандешагӣ беватану бепадаранд. Мо, баръакси шумоён -мухолифини ҷангҷӯ, ду даҳсолаи охир барномаҳои 5-солаю 10-солаеро амалӣ карда истодаем, ки на танҳо ба манфиати мардуми Тоҷикистон, балки ба нафъи мардуми ҳамсарҳаду дӯсти хориҷист.

 Инро ҳам медонем, ки шумоён тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ Тоҷикистонро пайваста тамошо мекунед ва ҷойи нишаст намеёбед, зеро Тоҷикистон хеле ободу хуррамзамин гардидааст. 

Агар хайрхоҳ бошед, чун мадад карда наметавонед, ба ҳаёти оромонаю зиндагии хушнудонаи мо халал ворид накунед. Дониста бошед, ки ҳар як амали ноҷои шумоёнро халқ намебахшад ва коре накунед, ки оянда авлодатон аз бетамизиҳоятон як умр шарм надоранд.

Каримов А.А. – н.и.ф., дотсент, мудири
 кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh