Бо дасти дигарон кор накунед, хиёнаткорони Ватан

Ҳар фарди ватандӯсту ватанпарвари халқи тоҷик аз саодатмандона зиндагӣ доштан дар ватани азизамон шукрона менамояд. Ин озодиву ободии ватан осон ба даст наомадааст, ҳоло ҳам дар ҳар як хонадони тоҷик хотира аз даҳшатҳои солҳои пеш  боқӣ мондааст ва такрор гаштани он рӯзҳоро ягон нафари баимону баихлоси тоҷик намехоҳад.

Аз аввал мардуми мо умед бар он доштанд, ки сулҳу ободӣ дар ватан ҷорӣ мегардад ва ҳар як мардуми тоҷик осоишта зиндагӣ менамояд, ҳоло тамоми мардуми Тоҷикистон шукргузор аз он аст, ки дар ватани ободу зебову биҳиштосо зидагиву фаъолият карда истодааст.

Лек то ҳол гурӯҳҳое ҳастанд, ки гул-гул шукуфии Тоҷикистонро дида наметавонанд. Онҳо бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, ки ин оромӣ ва осудагиро халалдор намоянд. Аз байни онҳо имрӯзҳо ашхосе низ пайдо шуданд, ки бо гузашти вақт кирдори ғаразонаи худро дарк намуда, пушаймон низ шудаанд.

Ҳой сияҳкорон! Аз кардаҳои худ пушаймон шавед, бозичаи он хоҷагони хориҷа нагардед, ба ватану давлати худ хиёнат накунед. Хоҷагони хориҷа аз нодонии шумо истифода бурда истодаанд, мехоҳанд бар зидди модари худ, Ватани худ силоҳ бардоред. Шумо аз кирдори содирнамудаи худ тавба намуда иқрор шуда ба Ватан баргардед ва дигар ба осудагиву оромии Тоҷикистон халал нарасонед.

Хушбахтона имрӯз дар байни сокинони асосии кишвари мо ба фаъолияти ҳизбҳои ифротгарӣ ва терроризмӣ баҳои дуруст медиханд. Зеро оид ба давлату давлатдорӣ ва дин мардуми кишвар андешаҳоихудро доранд ва чунин мешуморанд, ки фақат давлати дунявию демократӣ метавонад динро тараққӣ дода ҷараёни дурусти онро роҳандозӣ кунад.

Вазъияти ногувори ҷаҳонӣ такозо менамояд ки мо сади рохи амалӣ шудани ниятхои бади ифротгароён шавем ва хамеша дар корхои ободонию созандагӣ ва рушти устувори иктисодиёти чумхурӣ сахми худро гузорем. Зери сиёсати давлату Ҳукумат сарҷамъ бошем.

Мо  боварӣ дорем, ки халқи тоҷик ба сафсатаҳои дар сомонаҳо нашр гашта ҳеҷ гоҳ бовар намекунанд. Зеро дар кишвари тоҷикон сулҳ ва ризояти миллӣ барқарор гардидаасту давраи созандагӣ ва ободкориву эҷодкорӣ оғоз ёфтааст. Доимо кӯшиш менамоем, ки ҷавонони мо фирефтаи чунин бадхоҳон ва хоинони Ватан нашуда, дар пешрафти ҷомеа, ояндаи дурахшон саҳмгузор бошанд.

Шарипова М.,
устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров,
 - дотсент

Add comment


Security code
Refresh