ҚАДРИ НОНУ НАМАК БИДОНЕД, НАҲЗАТИЁН!

Рӯзҳои охир кас баромаду гуфтугузорҳои аъзоёну масъулони собиқ ТТЭ ҲНИ-ро аз воситаҳои ахбори омма мутолиа намуда, дар ҳайрат мемонад, ки чаро онҳо андешаҳои воқеъбинона нисбати ҳамдиёрону хешу ақрабоён, пайвандон надоранд.

Дурӯғ, бӯҳтон, лофҳои бебунёдро агарчи илм роҳ намедиҳад, дар ғояҳои асосии Қуръони карим ва ҳаводиси алоҳидаи паёмбарамон Муҳаммад (с.) ҳам омадааст, ки оқибати кори чунин ашхос дар ин дунё ва охират низ хуб намегардад.

Шумо, наҳзатиёни собиқ, пайваста тағйиротҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ободиву осудагӣ, сулҳу субот ва дигаргуниҳои ҳар як деҳу маҳал, шаҳру вилоят ва Тоҷикистони соҳибистиқлол, дар сафи даҳ кишвари ислоҳотгари ҷаҳон ҷойгир шуданашро нодида гирифта, беҳуда  ҳарзагӯӣ мекунед. Кишвари Тоҷикистон ба сӯйи ободониву  созандагӣ қадамҳои  устувортар  гузошт ва ба  ҷаҳониён  собит  намуд, ки ба корҳои  азиму боҳашамат –чун сохта ба кор  андохтани  НОБ-и Роғун қудрат дорад.  Боварии комил  дорем, ки ҳеҷ гуна  навиштаҷоти  беасос, лофу ҳарзагӯӣ, сафедро  сиёҳ гуфтани  наҳзатиёну баъзе  ифротгарон  садди роҳи мардуми  меҳнатии  кишвари мо гардида  наметавонад. Аз ин лиҳоз, ҳар гуфтузузор, сухани  беандешаву риё, суи худ  наҳзатиён боз як санги  маломат партофта  метавонаду халос.

Кенҷаев Ю. – н.и.ф., дотсенти
кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh