Аскарӣ мактаби мардонагист!

Оромию осоише, ки дар кишварамон ҳукмрон ва тавассути иқдому ҳидоятҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устувор аст, рӯзгори мардумро ҳамвора рангину гуворо мегардонад. Орзую умед, хоҳиши маънавию моддӣ ва фарҳангию маърифатӣ бемонеа ҷомаи амал мепӯшанд ва ба зиндагии мо, хусусан ҷавонони даврони истиқлол нуру таровати хоса ато месозанд. Имкониятҳои фаровон барои таҳсил чи дар кишвару чи дар хориҷ аз он, касбомӯзии густурда, фаъолияти соҳибкорию тиҷоратии доманадор ба онҳо рӯҳу илҳом мебахшанд.

Вохӯрию ҳамоишҳои шарикдарсони собиқи донишгоҳҳои олӣ ба расмият даромадааст. Зумрае қариб ки ҳар сол дар мавзеъҳои хушбоду ҳаво ва шаҳрҳои кишвар бо ҳам вомехӯранд ва даврони тиллоии умри худ – солҳои донишҷӯияшонро ёдоварӣ мекунанд.

Чанде пеш дар маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд вохӯрии як гурӯҳ ҳамхизматони солҳои 70 - уми асри гузашта дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ доир шуд, ки дар ҳаёти иҷтимоии кишвар падидаи нав ва нодиру омӯзанда аст. Пас аз 50 сол ба дидори ҳамдигар майл кардану ноил шудан ифодаи дӯстию муҳаббати самимонаи ҳамяроқони собиқ буда, аз садоқату ҳамбастагии қавии онҳо дар солҳои хизмати якҷоя дарак медиҳад. Ҷавонони 19 - солае, ки тирамоҳи соли 1971 дар яке аз қисмҳои ҳарбии шаҳри Свободаи ҳавзаи ҳарбии Шарқи Дур бо ҳамдигар шинос шудаву мушкилоти хизмати аскариро китф ба китфи ҳамдигар таҳаммул карда буданд, акнун пирони солор шуда, бо мӯйҳои сафед бо ҳам рӯ ба рӯ омаданд. Ҳиссиёти ин мардони ҷасуру рӯзгордидаро аз ин дидор тасвир кардан мушкил аст. Бо чанде аз ҳамяроқони собиқ суҳбат оростем, то эшон дар бораи хизмати ҳарбӣ ва ҷойгоҳи он дар ташаккули ҷисмонию маънавиашон изҳори андеша кунанд.

Мирзосафар Носиров, яке аз ташаббускорони вохӯрӣ: – Дар даврони шӯравӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтан барои ҷавонон як ифтихор буд. Дар он кишвари паҳноваре, ки шашяки рӯи заминро дар бар мегирифт, ба кадом гӯшае сафарбар мешудем, содиқона қарзи фарзандии худро назди он ватани паҳновар адо мекардем. Ба хизмати ҳарбӣ рафтан дар хонаводаҳо гусели идона дошт. Сониян, дар он ду сол бо намояндагони халқу миллатҳои даврони шӯравӣ шинос шуда, аҳди ёрию бародарӣ мебастем. Мисолаш ана ҳамин вохӯрии имрӯза, мустаҳкамии ҳамон дӯстӣ аст, ки баъди 50 сол боз орзуи дидори ҳамдигар кардем. Ман аз баъзе ҷавонони имрӯза хоҳиш дорам, ки аз хизмати ҳарбӣ наҳаросанд. Хусусан, дар ин даврони Истиқлолият хизматашон ба манфиати кишварамон аст. Хизмати аскарӣ мактаби мардонагӣ, ваҳдат ва дӯстию рафоқат мебошад. Мо дар Шарқи Дур, дар як гӯшаи сарду пурбарф хизмат кардему наход фарзандони мо дар Ватан, наздик ба аҳли хонаводаашон хизмат накунанд?

Раҷабалӣ Усмонов: – Дидори ҳамхизматон маро хеле мутаассир кард. Соли 1971 ман аз дурдасттарин деҳаи шаҳри Панҷакент – Форёб ба аскарӣ рафтам. Моро 13 шабонарӯз бо поезд ба Шарқи Дур бурданд. Дар он диёри барои ман ноошно, иқлимаш хунук зистан осон набуд, вале мутобиқ шудам. Бо ёрию ҳамдилии ана ҳамин дӯстону бародарони ҳамяроқ хизматро сарбаландона анҷом дода баргаштам. Ду писари ман дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ватани азизамон хизмат карданд, ки аз ин ифтихор дорам. Мо бояд кишвари худ, марзу буми аҷдодиро ҳифз кунем. Ҷавонони имрӯзаро касе ба Камчаткаю Мурманск, Амуру Сахалин, ки мо, падарону бобоёнамон сафарбар мешудем, фиристоданӣ нест. Дар Ватани худ хизмат бояд кунанд. Бо иқдоми пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароит ва муҳити хуби хизмат имрӯз муҳайёст. Адои қарзи фарзандӣ назди халқу Ватан фарз аст.

Султонбек Самиев, лейтенанти калон, собиқ командири взвод: – Ман пас аз хатми донишгоҳи олӣ ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда будам. Ду сол бо ҳамин дӯстону бародароне, ки кору бор, ташвишу тараддуди зиндагиро як сӯ монда, бо вуҷуди солхӯрдагӣ ба вохӯрӣ омадаанд, ба сифати командири взвод хизмат кардам. Дар қисми мо аз Тоҷикистон 160 нафар, аз маҳаллу ноҳияҳои гуногун хизмат мекарданд. Ҳама якдилу якҷон будем. Хизмати ҳарбӣ солҳои пеш хусусиятҳои хоси худро дошт. Интизоми сахт, талаботи қатъӣ водор мекарданд, ки ба мушкилоти омӯзиши маҳорати ҷангӣ, истифодаи аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ тоб оварда, аз имтиҳони мардонагӣ гузарӣ. Ана ҳамин виҷагиҳои хизмат буд, ки ҷавонони гуногунмиллат ва гуногунзабонро бо ҳам қарин кард, дӯсту бародари, ба қавле, «қиёматӣ» гардонад.

Бинед, ин мардони солори рӯзгордида чӣ хел ташнаи дидори ҳамдигар, суҳбату ёдоварии он рӯзҳоянд. Ин ҳама самари ҳамон хизмати аскарӣ аст. Ҷавонони мо бояд аз ин муҳаббату садоқат ибрат бигиранд. Аз хизмати ҳарбӣ сарпечӣ кардан ифодаи оҷизӣ ва ноқобилӣ аст. Фикр мекунам, ки байни ҷавонони даврони Истиқлолият ҷасуру соҳибиродаҳо кам нестанд, фақат онҳоро омода кардан лозим асту халос. Ин рисолати волидон, омӯзгорон ва мураббиён бояд бошад.

Абдукарим Абдуллоев, соҳибкор аз шаҳри Хуҷанд, ташаббускори вохӯрӣ: – Шукри сулҳу осоиши кишварамон, ки барои амалӣ шудани орзую ҳавас имконият фароҳам кардааст.

Агар не, ана 50 сол гузашту яке ба хотирамон расид, ки ҳамдигарро бинем. Ин тарафу он тараф ҷустуҷӯ карда, ҳамхизматони худро ёфтем. Бо кӯшиши якдигар дидор муяссар шуд. Ба қавли бародарони рус, «Солдатская друҷба крепко как сталҳ». Афсӯс, ки аз кишварҳои дигар, аз қабили Россия, Украина, Грузия бинобар дурии масофа омада натавонистанд…

Хизмати ҳарбӣ барои тамоми ҷавонон ҳатмист. Мо бисёр мехоҳем, ки дар ҷомеа ҳамаи ин уҳдадориҳоро ҷавонон дар назди халқу Ватан дуруст дарк кунанд, аз пайи ҳифзи сарҳад ва рӯзгори шоиста бошанд. Барои иҷрои ин амал хизмати аскарӣ шарт аст.

Мирзоқодир Одилов, собиқ омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик: – Бисёр афсӯс мехӯрам, ки зумрае аз ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ рафтан намехоҳанд. Хизмати Ватан барои ҳифзи дастовардҳои беназири даврони Истиқлолият чӣ бадӣ дорад? Мо Ватанамонро дар бешазорони пурбарфи Шарқи Дур ҳифз кардем. Саркашӣ аз хизмат баробар ба хиёнат ба халқу миллати худ аст.

Волидон новобаста аз касбу вазифа ва мавқеи иҷтимоии худ вазифадоранд, ки сафарбарии фарзандони худро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар таъмин созанд. Бо ҳамин минвол чанде аз сарбозони собиқи дигар, аз ҷумла Баҳриддин Очилов, Абдураҳим Ҳакимов, Абдувалӣ Раҷабалиев, Ҳоҷӣ Дӯстмуҳаммад Сангинов, Муҳаммадсодиқ Абдуғаниев, Баҳриддин Очилов, Сотиболдӣ Тухтаров, Абдуқаҳҳор Пӯлодов, Муҳаммадхӯҷа Усмонов, Муллошоҳ Мунавваршоев, Юнусхоҷа Дадобоев, Муҳаммад Расулов ва Маҳмадхӯҷа Усмонов низ пиромуни зарурияти хизмати ҳарбӣ барои ҷавонон изҳори андеша карданд. Ҳамяроқони собиқ дар чойхонаи «Сирдарё» то дергоҳ даври дастархон суҳбати самимона оростанд ва бо дили шод аз ин дидор қаноатманд ба навоҳии худ баргаштанд.

Гулҷаҳон Турсунзода,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh