Ҷавононро аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ эмин дорем

Терроризм ва экстремизм зуҳуроти номатлуби густаришёфтаи ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, ҳамчун муаммои меҳварии ҳаёти башарият боиси нигаронии кишварҳо гардидааст. Аз ин рӯ, ҳар фарди худогоҳу худшинос ва ҳар сокини сайёраро зарур аст, ки нисбат ба ин гуна кирдори ҷиноятӣ ва амали ғайриинсонӣ бетараф набошад.

Дасисаҳои абарқудратҳо ва дастгирии онҳо аз террористон дар гӯшаҳои гуногуни дунё баҳри амалигардонии манфиатҳои худ ин давлатҳоро ба чи ҳоли табоҳ гирифтор намудаанд.

Дар замони ҷаҳонишавӣ ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ кӯшиш мекунанд, ки бо роҳҳои гуногун қувваҳои нави зиёд, махсусан ҷавононро ба сафи худ ҷалб намоянд. Аммо чуноне ки таҷриба нишон медиҳад, на танҳо ҷавонон, балки одамони синну сол ва касбу кори гуногун ба ин ташкилотҳо аъзо мешаванд. Ин сабабҳои гуногун дорад. Масалан, дар муносибат ба дин ташкилотҳои террористӣ– экстремистӣ аз тарзу усулҳои гуногун истифода мебаранд.

Таълимоти дини ислом – сулҳпарварона, инсондӯстона ва моломоли андешаҳои нек ва созанда буда, асосан барои беҳтар кардани ахлоқи ҷомеа нигаронида шудааст. Имрӯз ташкилотҳои террористию экстремистӣ барои пиёда кардани мақсадҳои худ аз дин истифода мекунанд. Бубинед, онҳо аз дин чӣ гуна сӯиистеъмол менамоянд. Агар мо як дини исломро дар назар дошта бошем, он 72 равия дорад. Аз ҳама мазҳабҳои  калони он суннӣ ва шиъа мебошанд. Ташкилотҳои террористиву экстремистӣ миёни ин ду равияи ислом зиддият ба вуҷуд оварда, онҳоро ба ҳам ҷанг меандозанд. Бо истифода аз ин  ба мафкураи шаҳрвандон самти барояшон зарурӣ мебахшанд.

Ҳанӯз ҳам миёни давлатҳои қудратманди ҷаҳонию минтақавӣ нисбат ба терроризм муносибатҳои дугона ҷой доранд. Абарқудратҳои ҷаҳонӣ аз гурӯҳҳои террористӣ барои амалӣ намудани ҳадафҳои худ истифода менамоянд, онҳоро бо яроқу воситаҳои пулию молӣ таъмин менамоянд. Аз ин ҷиҳат дар давлатҳои гуногун ба терроризм ҳамчун зуҳурот баҳои ҳархела додаанд.

Бояд гуфт, ки абарқудратҳои дунё онҳоро аз ҷиҳати молиявӣ, техникӣ ва яроқу аслиҳа дастгирӣ карданд. Мақсади ин гурӯҳ давлатҳо, манфиатҳои милливу давлатии худро тавассути ташкилотҳои террористиву экстремистӣ амалӣ кардан мебошад.

Ин ҷиҳати манфии раванди ҷаҳонишавӣ аст. Ин пасомадҳои манфии раванди мазкур аст. Дар асл гурӯҳҳои зиёди террористӣ ба дини ислом — ба он чизе, ки Худованд ба воситаи Қуръон ба мардум фармудааст, ҳеҷ умумияте надоранд. Дар дини ислом мақсади асосӣ - тарбия аст, мардумро ба роҳи рост равона кардан аст.

Бояд гуфт, ки дин низ дар баробари илм, идеяҳои ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ як шакли шуури ҷамъиятӣ мебошад. Аз ин рӯ ташкилотҳои террористиву экстремистӣ барои ба сӯи худ кашидани мафкураи ҷавонон ва шаҳрвандони давлатҳои дигар кӯшиш мекунанд, ки аз он истифода баранд.

Мисоли равшани инро метавон дар кишварамон низ дарёфт, ки чӣ гуна Ҳизби наҳзати исломии алҳол дар Тоҷикистон мамнӯъ барои ҷалби ҷавонон ба ҳайати худ кӯшишҳои зиёде кард.

Мутаассифона, аксари ҷавононе, ки ба гурӯҳу созмонҳои ифротӣ мепайванданд, онҳое мебошанд, ки саводи зарурии дунявӣ ва маърифати ибтидоии динӣ надоранд. Гурӯҳҳои ифротӣ ҷавононро ба доми худ кашида, ба коми марг мебаранд. Намоиши филмҳои дорои хусусиятҳои террористӣ ва экстремистӣ, паҳнкунии ғояҳои ифротгароӣ тавассути шабакаи ҷаҳонии интернет сабаби дигари гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ мебошанд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки паст будани савияи дониши ҷавонон, аз нигоҳи мафкуравӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва динӣ тайёр набудани онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ, майлу хоҳиши ба даст овардани маблағи муфт сабаби фирефта шудани онҳо аз тарафи намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва шомил гардиданашон ба ин ташкилотҳо гардидааст.

Яке аз роҳҳои пешгирии гаравиши шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ роҳ надодан ба таҳсили ғайрирасмии ҷавонон  дар муассисаҳои динии хориҷи кишвар ва баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд ба ҳисоб меравад. Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва дар оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд.

Шамил НАЗАРЗОДА,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh