ҲНИ – душмани миллат

Тоҷикистон чун давлати демокративу ҳуқуқбунёд имрӯзҳо дар арсаи байналмилалӣ мақом ва манзалати хоса дорад.

Айни замон шахсоне, ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Яке чунин ҳизбҳо, ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буд.

Гарчанде таъиноти асосии таъсисёбии ҲНИ аз ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҳимояи якпорчагӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон, ҳимоят аз истиқрори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародаронаи халқҳои ҷумҳурӣ иборат бошад ҳам, вале солҳои охир аъзои он теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористию ифротгароӣ доштаро содир намуда ва дар байни аҳолӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаю адоват барангехта истодаанд. Албатта, ин амалҳои онҳо боис шуд, ки мардуми тоҷик аз ҳадафҳои нопоки онон огоҳ гардад.

Хушбахтона бо қарори Додгоҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизби тафриқаандозу ҷудоихоҳ қатъ карда шуда, он имрӯз ҳамчун ҳизби ифротӣ ва экстремистӣ эълон гардид.

Наҳзатиён бо худнамоиву риёкорӣ, авомфиребию найрангбозӣ  имрӯз мафкураи бархе ҷавононро вайрон карда, ба доми фиребу найранг ва роҳҳои бад кашида истодаанд.

Имрӯз ҳам ин талошҳо ҷой доранд. Ҳама иқдомоти террористони наҳзатӣ ва пуштибононашон тавассути паҳн намудани иттилооти муғризона ва бардурӯғ ба ҷалб кардани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба худашон нигаронида шудааст.

Аз ин рӯ мо, аҳли ҷомеа, бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, ҷавононро ба роҳи рост ҳидоят намоем, онҳоро аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ эмин дорем, дар амри пешгирӣ аз хатарҳои экстремистӣ ва терроризм баҳри саодати мардумамон, ободии хонаву дар ва ҳифзи Ватани азизамон ҳаммаром бошем.    

М.УСМОНОВА,
мӯзгори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh