Рафтори душманони Ватанро маҳкум менамоем!

Душманони миллати тоҷик дар хориҷӣ кишвар умр ба сар бурда, сиёҳ намудани давлат ва ҳукумати моро идома дода истодаанд. Дар иҷлосияи навбатии САҲА, ки ҳамасола дар шаҳри Варшава баргузор мегардад, роҳбари ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ баромад намуда, боз ҳукумати моро бо суханони беасос сиёҳ намуд. Ӯ беасос иброз намуд, ки гӯё ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади сиёҳ намудани мухолифони сиёсӣ аз ҳама имкониятҳо истифода намуда истодааст.

Ҳамаи суханони аз ҷониби Муҳиддин Кабирӣ ироа гардида беасос мебошанд. Дар мамлакати мо ягон шакли озодфикрӣ таъқиб карда намешавад. Мубориза бо терроризм ва экстремизм яке аз ҳадафҳои муҳими давлату ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад. Маҳбусон дар кишварамон бо ягон хел фишороварӣ, ҷазоҳои ҷисмонӣ дучор карда намешаванд. Овардани мисолҳо аз таъқиботи маҳбусони сиёсӣ ин сиёҳ кардани ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Зеро ҳукумати мамлакат ба хотири оромиву осудагии мардум ба аъзои мухолифин авфи умум эълон карда буд. Қувваҳои гуногнуни сиёсӣ бо ҳар гуна роҳу воситаҳо кӯшиш мекунанд, ки осудагии кишвари моро халалдор созанд.

Мо устодони кафедраи таърихи умумӣ чунин рафтори душманони Ватани хешро қотеъона маҳкум менамоем.

Устодони кафедраи таърихи умумии
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh