Интиқоди гуруҳҳои мухолиф

Соли мазкур дар саросари ҷумҳурӣ ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷашн гирифта шуд. Ҳамаи мо хуб огоҳем, ки солҳои аввали ба истиқлолият соҳиб шудани Тоҷикистон мардуми кишвари мо чӣ гуна рӯзҳоро аз сар гузаронид. Талафоти ҷониву молия, ки бо айби ҷанги шаҳрвандӣ ба аҳолии Тоҷикистон расонида шуд, то ҳол аз худ дарак мерасонад. Имрӯз мо дар фазои ороми кишвар зиндагӣ дорем, ҳамаи он рӯйдодҳои оғози солҳои 90-умро таҳлил намуда, ба хулосае меоем, ки ҳамаи он бо айби курситалабии бархе аз мансабталошони он замон буд, ки ҷони садҳо ҳазор нафарро ба хатар ниҳода, ҷанги бемаъниро оғоз намуданд.

Имрӯз ҳам нафароне ёфт мешаванд, ки ороми кишварро халалдор месозанд ва мехоҳанд фазои ноустуворро ба вуҷуд оранд. Аз ҷумла фаъолияти гуруҳҳои иртиҷоии ТТЭ ҲНИ, гурӯҳи 24, ПМТ, ки берун аз кишвар амал мекунанд, тамоми фаъолияти хешро барои танқид намудани сиёсати имрӯзаи Тоҷикистон равона сохтаанд. Чунончи санаи 19-уми сентябри соли равон ҳамоиши анъанавии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Варшава бо иштироки 57 кишвари аъзои созмон ва 1,3 ҳазор намоянда баргузор гардид, ки вазифаи асосии он баррасӣ намудани масъалаҳои ҳуқуқи инсон ва амсоли он мебошад.  Боиси нигаронист, ки дар ин конфронс намояндагони гурӯҳҳои иртиҷоии ТТЭ ҲНИ, гурӯҳи 24, ПМТ ширкат варзиданд ва баромад ҳам намуданд. Баромади хешро бевосита аз танқид намудани сиёсати ҳукумати Тоҷикистон оғоз намуда, қайд намуданд, ки гӯё нисбат ба онҳо Ҳукумати Тоҷикистон беадолатона муносибат карда, бо ин роҳ фаъолияти гуруҳҳои мухолифини сиёсиро сиёҳ менамоянд.

 Агар чанд сол қабл мавзӯи интиқоди ин гуруҳҳо мушкилоти барқ ва маҳдудкунии он дар ҷумҳурӣ қарор дошта бошад, имрӯз онҳо масъалаи муҳоҷирати меҳнатиро мавриди баррасии хеш қарор доданд.

Боиси таассуф аст, ки конференсияҳои ташкилоти байналхалқӣ ба майдони баҳсу набарди ҳукумати ҷумҳурӣ ва гуруҳҳои мухолифин табдил ёфтаанд.

Изҳороти устодони кафедраи
умумидонишгоҳии таърихи
халқи тоҷики ДДХ

Add comment


Security code
Refresh