Раҷаббой Аҳмадзода: Ифротгароӣ – падидаи манфур ва вабои аср!

Иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум

Санаи 23 - юми октябри соли 2019 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор гардид. Дар кори иҷлосия муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳии вилоят, роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ, сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба кори иҷлосия ифтитоҳ бахшид. Дар кори иҷлосия аз 70 нафар вакил 65 нафар иштирок намуда, 5 масъалаи муҳимро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Аз рӯи масъалаи якум оид ба рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 «Дар бораи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 - 2020» дар вилояти Суғд» муовини Раиси вилоят Баҳоваддин Баҳодурзода маърӯза намуд.

Мавсуф аз ҷумла зикр дошт, ки мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дохиливу хориҷии роҳбарияти олии мамлакат мебошад.

Воқеан ҳам Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир қарор дошта, бо сиёсати устувори худ дар таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми мушаххас мегузорад. Ҳанӯз баҳри мубориза бо терроризм ва экстремизм соли 1999 як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул шуда буданд. Сарвари давлат санаи 16 ноябри соли 1999 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо терроризм” имзо гузоштанд ва 21 ноябри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо экстремизм” ба тасвиб расид. Ин ду қонун барои Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии мубориза бо терроризм ва экстремизмро фароҳам овард. Инчунин, соли 2016 бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 - 2020» тасдиқ гардид.

Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 - 2020», қарори Раиси вилоят аз 15 декабри соли 2016, №532 «Дар бораи татбиқи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 - 2020» дар вилояти Суғд» қабул карда шуд.

Дар иҷлосия таъкид гардид, ки ҷиҳати таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳрвандон дар ҳама мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилот, корхона ва муассисаҳо баҳри таҳкими фаъолият, такмил ва ҳамоҳангсозии кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ дар масъалаҳои ошкор намудан, пешгирӣ ва аз байн бурдани ҳодисаҳои экстремистию террористӣ аҳамияти махсус дода мешавад. Дар маҷлисҳои фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти фаъолият дар ҳар семоҳа, ҳамчунин маҷлисҳои машваратии назди Раиси вилоят бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ масъалаи мазкур мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор дода шуда, баҳри пурзӯр намудани ҳамкорӣ дар ин самт дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта шудаанд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода роҷеъ ба ҷараёни татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 - 2020» ва қарори Раиси вилоят аз 15 - уми декабри соли 2016, №532 «Дар бораи татбиқи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 - 2020» дар вилояти Суғд» ҳарф зада, ба масъулин, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят дастур дод, ки дар ин самт корро вусъат бахшанд.

Раиси вилоят ифротгароӣ, терроризму экстремизмро падидаи манфур ва вабои аср унвон карда, сабабҳои гаравидани ҷавононро аз гумроҳӣ ва маърифати паст унвон кард.

- Баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳли ҷомеа, ҷалб кардани ҷавонон ба китобу китобхонӣ, варзиш, забономӯзӣ, ба шуғл фаро гирифтани қишрҳои мухталифи ҷомеа, фаро гирифтани фазои холӣ бо машғулиятҳои муфид муҳимтарин роҳи пешгирии гаравиш ба падидаҳои номатлуб мебошад, - зикр дошт Раҷаббой Аҳмадзода.

Доир ба ин масъала Матлубахон Сатториён - вакил аз ҳавзаи интихоботии «Қайроққум», № 15 ва Маъруф Муҳаммадзода - вакил аз ҳавзаи интихоботии «Бофанда», № 2 фикру андешаҳо ва корҳои доир ба ин самт амалишударо иброз доштанд.

Дар иҷлосия Мавҷуда Бобоева - вакил аз ҳавзаи интихоботии Айнӣ, № 39 роҷеъ ба фаъолияти комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сиҳатии омма, ҳифзи табиат, масоили оила ва занон гузориш дод. Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии «Хистеварз», № 63 Дадо Очилов оид ба рафти иҷрои ваколати вакилиаш ҳисобот дод.

Муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ оид ба масъалаи номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ суханронӣ намуда, бобати иваз намудани номи маҳали аҳолинишин таклиф пешниҳод намуд.

Вакилон нисбат ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул намуда, қарорҳои Раиси вилоятро тасдиқ карданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иҷлосияро ҷамъбаст намуда, бобати дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашнҳои миллӣ, таъмини рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят, таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани маърифати аҳли ҷомеа, пешгирии зуҳуроти номатлуб, тавсеаи корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, вусъати корҳои ободониву созандагӣ, саривақт ҷамъоварӣ намудани «тиллои сафед», таъмини нақшаи даъвати ҳарбӣ ва масоили дигар ҳарф зада, ба масъулин дастуру супоришҳои муфид дод.

Мухтори Абдулло,
«Ҳақиқати Суғд»

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh