Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Санаи 6-уми ноябр ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сол пур мешавад.

Ба ин муносибат, солгарди муҳимтарин санади тақдирсози миллат - Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли сокинони вилоят самимона муборакбод гуфта, ба ҳамагон хонаи ободу осуда, саодати рӯзгор, оромиву осоиш ва дар кору зиндагӣ барору комёбиҳои тоза таманно мекунам.

Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон дар айёми басо мураккаби ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат қабул гардида, барои тақвият пазируфтани рукнҳои давлатдорӣ ва такмилу устуворшавии низоми қонунгузорӣ заминаи мустаҳкам гузошт.

Тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани Конститутсия ва бо мақсади амалӣ гардонидани нақшаю ниятҳои стратегии халқи тоҷик дар солҳои 1999, 2003 ва 2016 ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он барои боз ҳам мукамалтар шудани ин санади ҷавобгӯй ба орзуҳои мардумӣ гардид.

Ба эътирофи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ Конститутсияи Тоҷикистон аз беҳтарин падидаҳои конститутсияҳои мамлакатҳои мутамаддин бархурдор буда. Таҷассуми давлату давлатдории мардуми куҳантаърихи тоҷик ва меъёрҳои эътирофгардидаи байналмилалӣ мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба аҳамияти ин ҳуҷҷати муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ таъкид намудаанд: «Аҳамияти таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он ифода мегардад, ки ин санади сарнавиштсоз барои таъмини сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ замина гузошт ва омили асосии кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон гардид. Мо дар сатҳи Конститутсия ба ҷомеаи ҷаҳон эълон доштем, ки халқи Тоҷикистон озодӣ ва ҳуқуқи шахсро арзиши олӣ шуморида, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф мекунад ва ҷонибдорӣ бунёди ҷомеаи адолатпарвар мебошад».

Воқеан ҳам, Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат манфиатҳои олии мардуми куҳанбунёд ва халқи шарифу матиниродаи моро инъикос намуда, Тоҷикистонро ба ҷаҳони мутамаддин ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ кард. Аз тарафи дигар, қабули Конститутсия барои рушди давлати демократӣ ва бунёди низоми ҳокимияти давлатӣ асоси ҳуқуқӣ гузошта, дар таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллии кишвари азизамон шароити мусоид фароҳам овард.

Бори дигар, мардуми шарифи вилоятро бо 25 - солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, барояшон саломатӣ, осудагии рӯзгор, зиндагии шоиста ва дастоварду муваффақиятҳои беназир орзу менамоям.

Add comment


Security code
Refresh