“Паймони” паймонгумкардаҳо

Ҷаҳони муосирро таҳдидҳои ҷиддӣ пеш омадааст, ки ба амнияти шаҳрвандони он хатарҳо эҷод менамоянд. Аз ҷумлаи чунин хатарҳо радикализм, терроризм (ифротгароӣ), экстремизм мебошад, ки ҷанбаи пурқуввати мафкуравиро ба худ касб намудааст ва, бадбахтона, бо вуҷуди муборизаи шадид он тавсеа меёбад.

Хатари омезиши дину мазҳабҳо ба василаи мубориза мубаддал гашта истодааст. Коршиносон ин падидаи номатлубро маҳсули эҷоди ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии байни идораҳои иктишофии ИМА, Арабастони Саудӣ ва Покистон медонанд, ки аниқтараш солҳои 80-уми асри гузашта барои муқовимат алайҳи фирқаи коммунистҳо “Ал-Қоида”-ро офарида буданд. Воқеан ҳам, чун ба даҳсолаи охир назар афканед, тамоми ранҷу азоб ва кулфати мардум маҳз бо радикализм, терроризму ифротгароӣ иртибот мегирад.

Мусаллам аст, ки дини мубини Ислом ниёз ба ҳизбу ҳарактҳои расмиву иртиҷоӣ ва ифротӣ надорад. Созмон ва ҷараёнҳои ифротӣ ва иртиҷоӣ дар асоси барномаҳои ташкилотҳои террористӣ ва ё давлатҳои алоҳидаи абарқудрат ташкил ёфтаанд, ки дар ниҳоди худ идеологияи муқтадири ҳадафмандонаро дар ниқоби Ислом амалӣ менамоянд.

Аз кору амалҳои роҳбарони ТТЭ ҲНИ имрӯзҳо ҷаҳониён хеле хуб огоҳанд ва, хушбахтона, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизби террористиро дар вақташ таҳлилу баррасӣ намуда, фаъолияташро манъ намуд. Ҳамаи он бадбахтиҳо, кушторҳо ва сӯхторҳои солҳои 90-уми асри гузашта аз тарафи охунҳои Эрон ва роҳбари дар Тоҷикистон буда Муҳиддин Кабирӣ буд, ки ин санадро Суди Олии Тоҷикистон ба таври мушххас баррасӣ намудааст...

Дар ҷараёни баргузории ҷаласаи солонаи ҳуқуқи башари САҲА дар шаҳри Варшаваи Полша, ки аз баргузории он зиёда аз як сол гузашт, душманони давлату миллати тоҷикон Ассотсиатсияи ғайриқонунӣ ташкил намуда, ба худсафедкунӣ, дасисабозӣ, хоинию ватанфурӯшии худ шиддат бахшида, дар сомонаи интернетӣ сару садоҳо баланд карданд. М. Кабирӣ аз се ташкилоти ба таври сунъӣ сохтаи худ “Ҷунбиши ислоҳот ва рушд”, “Анҷумани озодандешони тоҷикон”, “Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ” ба ном “Паймони миллӣ” таъсис дод. Ин паймон танҳо аз чаҳор нафар иборат Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Шарофиддин Гадоев ва Илҳом Ёқубов иборат асту халос. Кабирӣ талош дошт, ки дар Варшава Ҳафиз Бобоёров ва боз чанд тоҷикони обрӯманди Аврупо ба ӯ пайваст шаванд. Аммо онҳо пайвастан ба як ҳизби бадномшуда ва чанд шахси беобрӯгаштаро ба худ нозебу ор донистанд. “Гурӯҳи 24”, “Ватандор”, “Аҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон” низ ба ин эътилоф напайвастанд. Посухи Сӯҳроби Зафар ба Муҳиддин Кабирӣ чунин буд: “Мо ҳеҷ гоҳ ба киштии шикастаи Муҳиддин Кабирӣ нахоҳем нишаст ва ягон ҳамкорӣ нахоҳем кард”. Додоҷон Атовуллоев баёния пахш намуд, ки “бо паймоншикастагон ҳеҷ гоҳ паймон нахоҳам баст, яъне роҳи мо дигар аст ва дар ин роҳ мо бо раҳгумзадагон ҳамсафар нахоҳем шуд”. Тири Кабирии нохалаф боз ҳам хок хӯрд.

Масъулони САҲА дар рафти ҷаласа намояндагони ТТЭ ҲНИ-ро маҳз барои бетартибӣ, аксбардориҳои беиҷозат, гуфтугӯи баланди байниҳамдигарӣ, бемаврид иваз намудани ҷои нишасти худ аз толор берун намуданд. Вақте ки худи Кабирӣ мехост таваҷҷуҳи ба теракти дар Данғара нисбати сайёҳони хориҷӣ ҷалб кунад ва таҳқиқи қазияро аз нав тақозо кард, барандаи ҷаласа ошкоро сухани ӯро бурид ва таъкид намуд, ки мавзӯи баҳс дигар аст, аз он берун наравед. Кабирии шарманда ба таги обу арақ монда, бо сари хам аз минбар дур шуд ва хуб медонад, ки ташкилкунандаи ин теракт худи ӯ буд...

Чӣ хеле ки хабарнигори радиои Озодӣ қайд намуд, Гулчеҳра Шодмонова дар ҳолати эҳсосот ва асабонияти зиёд гуфт, ки САҲА ба Кабирӣ минбар надиҳад. Зеро дар гумроҳ кардани писари ӯ дар ташкил намудани амали террористӣ маҳз Кабирӣ гунаҳкор аст. Ҳамин тавр, иштироки Кабирӣ дар САҲА ба ҷуз аз рӯсиёҳии худу ҳаммаслаконаш дигар чизеро ба бор оварда натавонист.

Ба дасти ман шеъре афтод, ки ҳама гуфтаҳои болоиро бо асноду далел тасдиқ менамояд. Шеър “Чеҳраи манфур” ном дорад, ки бо чунин мисраҳо оғоз меёбад:

Бо гуноҳи он Кабирии палид,

Аскари тоҷик бишуд чанде шаҳид.

Ӯ раиси назҳати исломӣ буд,

Дар ҳама кирдору кораш хомӣ буд.

Эй касифи номуборак доимо,

Баҳри давлатдорӣ мекард иддао.

Ӯ ба ин миллат хиёнат кардааст,

Рахна бар дину диёнат кардааст...

Сарпарасти ин хиёнаткори шум,

Будаанд хориҷиён баҳри ҳуҷум.

Косалеси аҷнабиён гашта буд,

Аз ҳама халқи Худо баргашта буд...

Хулоса, ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, махсусан ба ҷавонон лозим аст, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд. Дар атрофи Пешвои муаззаму маҳбуби худ муттаҳид шаванд ва барои боз ҳам ба шоистагиҳо расидани Тоҷикистони дунявӣ талош варзанд. 

Ҷомеаи меҳнатии кафедраи
сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh