Нақшаҳои ноҷавонмардона амали намегардад

Бо баробари паҳншавии хабари  сафари Президенти мамлакат ба кишварҳои Аврупо аъзои Паймони миллӣ ва наҳзатиёни Аврупо аҷаб нақшаҳо мекашанд. Онҳо мехоҳанд, дар шаҳрҳое, ки Сарвари давлати мо сафар мекунанд, раҳпаймоиҳо ташкил намоянд. Ин кори ношукрона ва ноҷавонмардонаашонро онҳо кайҳо ин ҷониб идома медиҳанд, кӣ аз ҳечкас пӯшида нест.

Қувваҳои пасипардагии аврупоиён ҳастанд, ки хоинони Ватанро ҷонибдорӣ ва сармоягузорӣ мекунанд. Барои ба назари он хоҷагонашон худро содиқ намоиш додан ин хоинон мехоҳанд, ки дар давлатҳое, ки Президенти Тоҷикистон мераванд, роҳпаймонҳо ташкил кунанд. Аммо бехабар аз онанд, дар назди халқу Ватан ҳамон хоинон мемонанд. 

Сарвари давлатамон бо мақсади рушди Тоҷикистон ва густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ ба Аврупо рафтаниянд. Гумон мекунам, ки доираҳои тиҷоратии кишварҳои Аврупо ба эътироз ва раҳпаймоии ин тоифа аҳамият намедиҳанду барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон роҳи васеъ мекушоянд.

 И.РАҲИМОВ

Add comment


Security code
Refresh