ҲНИ сарчашмаи пайдоиши экстремизм ва терроризм

Мутаассифона, дар тассавури баъзе афроди ҷомеа ақидаҳои нодурусти динӣ ҷой доранд, ки онҳоро ба гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил мегардонад ва ақидаҳои носолими динии худро мехоҳанд, ки дар ҷомеа амалӣ созанд.

Бештари ин гуна афрод дар гузашта ҷинояткор будаанд. Қисми зиёди чунин шаҳрвандон ба фиребу найранги гурӯҳҳои ифротӣ дода шуда, аз зиндагии мустакилонаи худ махрум шудаанд. Гурӯҳҳои бадрафтор ва террористӣ барои ноил шудан ба накшахои худ аз дин мохирона истифода мебаранд. Дар шароити имрӯзаи тағйиру таҳаввулоти авзои сиёсии ҷаҳон вусъат ёфтани низоҳои байнимазҳабӣ, зиракии сиесии шаҳрвандон аҳамияти бағоят муҳимро касб менамояд.

Дар солҳои мудҳиши навадуми асри гузашта миллати тоҷик ба ивази қурбониҳои ҷонӣ ва ҳисороти бузурги иқтисодию молиявӣ нагузошт, ки дар кишварамон нерӯҳои ифротгаро мавқеи роҳбарии худро дошта бошанд. Аз ин ҷост, ки Ҷумҳурии мо яке аз кишварҳои камшуморест, ки муқобили ин қабил озмоишҳои таърих истодагарӣ ва пирӯз шуданро мақоми худ кард. ҳоло падидаи ифротгароӣ монанди тори тортанак нияти реша давондан дар тамоми оламро пешаи худ кардааст.

Вазъияти ногувори дар ҷаҳон ба миён омада, фаъолияти торафт доманпаҳн кардаистодаи гурӯҳҳои ифротгароию терористӣ такозо менамояд, ки мо садди рохи амалӣ шудани ниятхои онхо шавем ва хамеша дар корхои ободонию созандагӣ ва рушти устувори иктисодиети чумхурӣ сахми худро гузорем.

Ш.НАЗАРЗОДА

 

Add comment


Security code
Refresh