Паймони хиёнаткорони миллат

Имрӯзҳо дар хориҷи кишвар иддае аз фарзандони хиёнатпешаву гумроҳи миллат бо роҳбариву роҳнамоии хоҷагони хориҷии худ кӯшиши амалӣ гардонидани ҳадафҳои нопоки худ намуда истодаанд. Ин тоифа гумроҳон, ки қаблан бо сӯйистифода аз номи дини мубини ислом бо иғвоангезӣ машғул буданд, имрӯзҳо низ кӯшиши содир намудани аъмоли зишти хешро намуда истодаанд.

Мардуми Тоҷикистон аз аъмоли разилонаву манфур ва зиддимиллии ин қабил афрод ҳанӯз аз замонҳои ҷанги шаҳрвандӣ бахубӣ огаҳӣ доранд. Мо медонем, ки ташкилоти экстремистӣ - террористии ҳизби наҳзати ислом маҳз бо мақсади ба даст овардани манфиатҳои шахсиву гуруҳӣ ҳамагуна арзишҳои миллиро паси по зада, роҳбарони он чӣ гуна барои рехтани хуни ноҳақ фатво содир менамуданд.

Барои душманони миллат, ки Ватан, миллат ва дину мазҳаб ҳеҷ арзиш надорад, имрӯз таъсис додани ташкилоти ифротие бо номи “Паймони миллӣ” ба ҷуз аз дасисаи нав дигар чизе нест. Бо таъсиси чунин ташкилоту паймон ин тангназарон мехоҳанд ба чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ хок пошида дар ақсои олам номи кишвари моро доғдор намоянд. Вале, ҳадафҳои онон ҳаргиз амалӣ нахоҳад шуд.

Аз номи миллат он касе ва ё шаҳрвандоне бояд сухан гӯянд, ки дар Ватан ҳастанду барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ кӯшиш ба харҷ дода, лоақал дастовардҳои давлату миллатро ҳифз ва афзун мегардонанд. Аммо дар паймони миллие, ки хоинони миллат таъсис намудаанд, ҳадафҳои нопок ниҳон аст.

Аъмоли зиддимиллии ин тоифа тангназаронро мо, аҳли шадидан маҳкум менамоем ва ба аъзо ва пайравони ин гуруҳҳо таъкид менамоем, ки аз номи мардуми шарифи Тоҷикистон ва Ватану миллат ҳарф назананд, онҳо ба ин ҳуқуқи маънавӣ надоранд.

Озод ИСЛОМОВ,
мудири кафедраи нақшакашӣ,
геометрияи тасвирӣ ва методикаи
таълими Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh