Дар зеҳни ҷавонон эҳтиром ба арзишҳои миллиро парварем

Дар ҷаҳони пуртазоду ҳассос, ки раванди ҷаҳонишавӣ рӯз ба рӯз шиддат мегирад, баҳсу талошҳои идеологӣ низ марҳала ба марҳала вусъат меёбанд. Аз ин рӯ, ҳар як миллату давлат нисбат ба ҳифзи манфиатҳои миллии худ талош меварзад.

Дар ин замина Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои пойдории фарҳанг ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саъй менамояд. Конститутсия асоси идеологияи давлати миллии моро ташкил дода, яке аз муқаддасоти миллии мо маҳсуб меёбад. Кулли арзишҳои моддӣ ва маънавии мо бояд ташаккул ёфта, манфиатҳои он ба таври қатъӣ аз тарафи шаҳрвандон, ҳизбҳо, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва аққалиятҳои наҷодиву динӣ, новобаста аз арзишҳои гузаштаи таърихии худ ба ҳисоб гирифта шаванд.

Имрӯз дар ҷомеаи мо ҳизбу ҳаракатҳое вуҷуд доранд, ки мехоҳанд ба осонӣ, тавассути чарбзабонӣ, бо зикри камбудию мушкилоти ҳаёти аҳли ҷомеа ва интиқоди фаъолияти мақомоти давлатӣ таваҷҷуҳи мардумро ба худ ҷалб созанд. Аз ҷумла, ТТЭ ҲНИ дар симои роҳбарону намояндагони фаъоли худ ин роҳро идома медиҳад. Баррасиҳои ҷомеашиносон нишон медиҳанд, ки ТТЭ ҲНИ бо наздикшавии марҳалаи муҳими сиёсӣ пайи амалӣ намудани ҳадафҳои гуногуни нопоки хеш талош меварзад. Вале мардуми бофарҳанги тоҷик хуб медонад, ки касоне, ки ба нафъи мардум, хусусан, сокинони маҳаллу ноҳияи худ кори неке анҷом медиҳанд, эҳтиёҷ ба таблиғу ташвиқ надоранд, зеро халқ довару дастгири онҳост. Ифротгароёни ҲНИ зери ниқоби Ислом баромад карда, баҳри амалӣ кардани ниятҳои нопоки худ, мафкураи ҷомеаро заҳролуд намуда, ғояҳои дини мубини Исломро аз нигоҳи ғаразноки худ шарҳ медиҳанд ва мардумро ба роҳи ифротгароиву хурофотпарастӣ ҳидоят мекунанд. Ҷомеаи мо ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонист ва таъсири ҷараёнҳои ифротии навзуҳур тавассути шабакаи интернет ва дигар воситаҳои иттилоотӣ ба шуури баъзе ҷавонони ноогоҳи мо низ эҳсос мегардад.

Таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба таври возеҳ собит месозад, ки маҳз рушди илму технологияҳои муосир асос ва шарти муҳимтарини пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад. Бинобар ин, моро зарур аст, ки ба рушди иқтисодиву технологии кишварамон, тараққиёти илму маориф, тарбияи кадрҳо ва ҳарчӣ бештар ҷорӣ кардани техникаву технологияҳои муосир диққати махсус диҳем.

Хурофот ва таассубу ифротгароӣ ҷаҳолат ва торикист ва ба мардуми Тоҷикистон танҳо бадбахтӣ меорад, на чизи дигар. Сокинони кишвар, бахусус ҷавононро мебояд, ки фирефтаи ифротгароён нашаванд, зеро мақсади ғаразҳои нопоки хешро амалӣ ва вазъи ҷомеаро ноором намудан аст. Сокинони кишварро зарур аст, ки аз имконияту шароити фароҳами имрӯза пурра истифода бурда, саҳми арзандаи хешро дар рушди ҷомеаи навини тоҷик гузоранд. Қабл аз ҳама, зиракиву ҳушёрии сиёсиашонро аз даст надиҳанд.

Шодмон НУРМАТОВ,
докторанти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh