ПАСТФИТРАТ БА ҲАДАФ НАМЕРАСАД

Демократияе, ки дар Тоҷикистон мавҷуд аст, аз ҷониби коршиносони бонуфузи сатҳи байналмилалӣ сазовори баҳои баланд шудааст. Гузашта аз ин, созмонҳои байналмилалӣ Конститутсияи Тоҷикистонро дар қатори беҳтарин Конститутсияҳои сатҳи ҷаҳонӣ  ҷой додаанд. Пас, аз хориҷи кишвар нишаста, сӯи санг андохтани чанд хоин, ки онҳоро хориҷиён бо мақсадҳои амалигардони нақшаҳои ғаразноки худ парвариш мекунанд, ба ҷуз пастфитратӣ нест.

Бо вуҷуди ҷоиз набудани ташкили ҳизб дар дини ислом агар ҲНИ  ҳизби барои халқ манфиатовар мебуд, яке аз рӯзномаҳои бонуфузи араб, ки ин давлат маркази дини ислом аст, ҲНИ-ро ташкилоти экстремистию террористӣ ва фаъолияти онро тундагароёна баҳогузорӣ намекард.

Омехта сохтани дин бо сиёсат ва бо ин васила сӯистифода аз номи дин дар корҳои сиёсӣ камоли иштибоҳ аст ва ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати ислом низ барои мусалмонони Тоҷикистон бегона аст. Роҳбари ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва шарикони ӯ аз аввал бо мақсадҳои нопок ғаразҳои сиёсии ташкилотҳои террористиро дар дохили кишвар ба тариқи пинҳонӣ дастгирӣ менамуданд. Пӯшида нест, ки бо ин васила мақсадҳои душманони миллати тоҷикро пиёда сохта, бар ивази пайсаи ҳангуфте, ки аз баъзе аз мамолики Ғарб баҳри амалӣ кардани ҳадафҳои нопокашон ҷудо мекарданд, аз паи нооромии кишвар мешуданд. Феълан таваҷҷӯҳи абарқудратҳо ба он равона шудааст, ки вазъи кишварҳои оромро ноором карда, аз он фоида ба даст оранд. Дар ин самт аҷнабиён аз хоинони сифлие истифода мекунанд, ки барои пулу молу давлат ва манфиат, ҳатто, аз асли худ мегузаранд. Аммо аз асли худ гузашта то куҷо мераванд?

Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон ба намояндагони ТТЭ ҲНИ ва ҳаммаслакони онҳо бо камоли нафрат менигаранд ва маҳкум мекунанд. Аммо боиси таассуф аст, ки то кунун наҳзатиёни ифротгаро аз пайи тарҳрезии нақшаҳои ғаразолуд ҳастанд. Аммо, новобаста аз ҳама мухолифатҳо, эътирозҳо ва муборизаҳои беасоси бадхоҳони миллат, мо тоҷикистониён онҳоеро, ки ба Тоҷикистон дидаи душманони меандӯзанд,  намегузорем, то ҳадафҳои нопоки худро амалӣ гардонанд.

Намояндагони ТТЭ ҲНИ ва дигар хоинони Ватан бояд дарк кунанд, ки дар дунё бадтарин рӯз барои инсон он аст, ки ба ғазаби мардум гирифтор шавад. Шумо ҳама гирифтори ғазаби миллати тоҷик ҳастед. Оқибати кори шумо ба ҷуз афсӯсу надомат чизе нахоҳад шуд.

Аҷиб аст, ки дар баъзе аз мусоҳибаҳои  роҳбари собиқ ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ худ ва ҳаммаслакони худро ҳамчун нафари бегуноҳ ва ҳуқуқҳояш поймолшуда намудор мекунад. Дар ҳоле, ки бинобар ошкор шудани гуноҳашон фирор карданд ва аз даргоҳи хоҷагони хориҷиашон паноҳандагӣ гирифтанд. Ва аҷоиби кор дар он аст, ки агар намояндагони ҲНИ аз хориҷа маблағҳои ҳангуфт бар ивази таъмини иҷроиши нақша ва барномаҳои бар зидди миллати тоҷик равонашавандаро намегирифтанд, пас чаро дар Ғарб Муҳиддин Кабирӣ ва атрофиёни ӯро дастгирӣ карданд? Ба хотире, ки номбурда бо зердастонаш аз рӯи нақшаҳои коргардонҳои ғарбӣ  нақш иҷро мекард.

Вақт собит намуд, ки ҲНИ дар муддати фаъолияти худ ягон амали хайрро ба манфиати миллат ва ҷомеаи тоҷик анҷом надодааст.

Мардум чеҳраи аслии хиёнаткоронаи ҲНИ-ро дар рафтору кирдори роҳбарони ин ташкилоти экстремистию террористӣ  мушоҳида намуда, ба онон нафрин мехонанд. 

А.ОЛИМОВ

Add comment


Security code
Refresh