Ҳадафи нопоку тафриқаангезона

Тибқи маълумоти омории кишвар дар давлатҳои Сурия ва Ироқ 234 оилаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд. Аз он ҷумла, 252 нафар кӯдакони тоҷик (110 нафар духтар ва 142 нафар писарон) дар ин минтақаи ҷангзада ҳамроҳи волидонашон «сукунат» доранд.

Созмони байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар изҳори нигаронӣ кардааст, ки даҳҳо занону кӯдакони ҷангиёни ДИИШ ба сифати гаравгон дар маҳбасҳо нигоҳ дошта мешаванд. Чанде пеш  Ҳилоли Аҳмар эълом кард, ки ба тақдири 1300 нафар занону кӯдакони ҷангиён ДИИШ дастрасӣ пайдо кардааст, ки аксарияташон  аз Туркия, Россия, Тоҷикистон ва Кавказ  мебошанд. Мувофиқи ахбори мақомоти қудратии Тоҷикистон дар давоми соли 2017 нафарони зиёди тоҷикистониҳо, минҷумла, 60 нафар кӯдакони ноболиғ ба Ватан баргардонида шудаанд.

Аз ноҳияи Мастчоҳ низ ду нафар ҷавонони сисола, ки дар мактабҳои динӣ таҳсил доштанд, бо занону фарзандонашон (яке бо 4 ва дигаре бо 2 фарзанд)  ба Ватан баргаштаанд.

Таҳлили  ҳодисаҳои ба Сурия рафтани 7 нафар ҷавонони  мастчоҳӣ нишон дод, ки  онҳо дар муҳоҷирати меҳнатии Россия қарор доштаанд ва  бо умеди музди беҳтар, ба доми фиреби қаллобону одамрабоён меафтанд ва ноогоҳона ба Туркия ва аз он ҷо ба минтақаҳои осебзадаи Сурия  интиқол дода шудаанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки Суди олии Тоҷикистон ҲНИ (Ҳизби наҳзати исломиро ба қатори ташкилотҳои террористӣ ва ифротгаро шомил намуд. Бисёр  пайравону фаъолони ҲНИ ба хориҷи кишвар фирор карданд ва ё  ба ҳабс гирифта шуданд.  Дар ноҳияи Мастчоҳ ҳам аъзои ин ҳизб кам набуданд. Аксарияташон ҳоло аз аъзогии ҲНИ даст кашидаанд. Мутаассифона, ҳастанд кисми ками гумроҳоне, ки Исломи ҳақиқиро аз ҳизби сиёсӣ фарқ накардаанду гумон доранд, ки ҲНИ ташкилоти динӣ мебошад.

Ба наздикӣ рисолаи дар Миср ба чоп расидаи Масъуди Ғайбуллоҳи Асарӣ (маъруф бо тахаллуси «Чечен»)  ба даст расид, ки  «Амн дар Тоҷикистон масъулияти ҳама аст» ном дорад. Масъуд суол мегузорад: «Сабаб чист, ки баъзе аз ҷавонони имрӯзаи мо дар кишвари исломии мо эҳтиёҷ ба ҳизби «Таҳрир» ва ҳизби «Наҳзат» шудаанд ва низ эҳтиёҷ ба «Ҷамоати таблиғ ва такфир» ва дигар ҷамоатҳои ба ном исломӣ шудаанд?».

Аз мутолиаи ин рисола бармеояд, ки  Шайх Масъуди Чечен, ҳарчанд, ки номашро ба Масъуди Ғайбуллоҳи Асарӣ иваз карда бошад ҳам, ботинашро дигар накардааст. Ин ҳамон Масъуди моҷарохезу иғвогар аст, ки барои тафриқаандозию тундгароиаш аз мадрасаю масҷидҳои  зодгоҳаш берун карда шуда буд. Рисолаашро «Амн дар Тоҷикистон масъулияти ҳама аст» номида бошад ҳам, дар асл ҳамоно  ҳадафи асосии ӯ иғвою тафриқаангезӣ мебошад. Ходимони муҳтарами динро ба нодонию бехабарӣ аз Ислом гунаҳкор карда,  мехоҳад, ки ҷавонони ноогоҳ аз онҳо пайравӣ накунанд. Магар ин иғвою тафриқа нест? 

Мардуми меҳнатшиору шарифи ноҳияи Мастчоҳ ҳамеша ҷонибдори сулҳу оромии кишвари азизи худ буду ҳаст. Сокинони ноҳия сиёсати давлату ҳукуматро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд. Мубориза бо ҳама гуна зуҳуроти иртиҷоӣ бояд дастаҷамъона бошад. Корҳои тарбиявию тарғиботиро аз оила ва маҳал оғоз намуда, дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку ва ноҳия муштаракона  ва муташаккилона бояд пеш бурд. Дар иҷрои ин кори хайр ҳеҷ кас бояд дар канор набошад. Зеро ба доми фиреби иртиҷоиҳо, террористон ва эмисарҳои хориҷӣ гирифтор шудани ҷавонони ноогоҳ барои ҳар оила, маҳал, деҳа ва ноҳия ҳодисаи фалокатбор хоҳад шуд. Аз ин лиҳоз, ҳамагон бояд аз ин ҳодисаҳо ҷилавгирӣ кунанд. Нагузорем, ки фарзандону ҳамдиёронамон гумроҳ шаванд.

Ҷомеаи меҳнатии кафедраи журналистикаи
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh