Чашми ҳасудон кӯр бод!

Ташкилоти экстремистиву террористии Ҳизби наҳзати исломӣ аз зумраи ташкилотҳои ифротие ба шумор меравад, ки аз рузи ташкилёбиаш то кунун бар зидди арзишҳои милливу давлатии мо – тоҷикону тоҷикистониён мубориза бурда истодааст.

Маҳз ба “шарофати ҳамин ҳизби аҳриманӣ” солҳои 90-уми асри гузашта ба сари миллати тоҷик ҷанги дохилӣ ва низои мазҳабиву миллӣ ба бор омад. Бо шиору овезаҳои авомфиребона роҳбарияти наҳзат дар маркази пойтахтамон шаҳри Душанбе майдонеро ташкил ва ба он “Шаҳидон” номгузорӣ карданд. Барои кадом шаҳид номгузорӣ шудани ин майдонро касе сарфаҳм намерафт. Зеро аз руи таълимоти динӣ агар бандаи мусалмон дар вақти набарди ҳарбӣ аз дасти нафари мушрик ва ё бедин кушта шавад, ба ӯ  унвони “шаҳид” дода мешуд. Аммо аз мафҳуми “шаҳид” хостанд мардуми оддиро, ки ба арзишҳои динӣ чуқур сарфаҳм намерафтанд ҷамъ намуда, ҳамаи онҳоро ба роҳи ба ном неки худ ҳидоят менамуданд. Лек тири наҳзати хоин хок хӯрд ва баъди имзои созишномаи сулҳ ба ҳаёти мустақилона ва тинҷу ором баргаштанд. Давлату миллат ва, махсусан, Роҳбари мамлакатамон ба ин турфа хоинони гумроҳ имконияти ислоҳ гардиданро муҳайё намудаанд.

Сад афсус, ки ин имконият ба наҳзатиён дарси ибрат нагашт ва тибқи зарбулмасали тоҷикӣ “неши ақраб на аз паи кин аст, балки муттакояш ҳамин аст” амал намуда, боз даст ба хиёнат заданд. Баъдан ин гуруҳи ифротӣ гурӯҳҳои худро созмон дода, номи ТТЭ ҲНИ-ро ба “Паймони миллӣ” иваз намуд. Қаблан бо номи дину диёнат сухан гуфта бошад, имрӯз бо номи озодӣ ва демократия садо баланд мекунад. Назди созмонҳои муқими Аврупо ҳозир шуда ҳаргуна пикету ҷамъомадҳоро ташкил менамоянд. Лек ин мазҳакаи худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ чунон обу ранги бадеӣ медиҳанд, ки гуё дар ин пикетчаҳо то ҳазор нафар ширкат варзида бошанд. Мутаассифона аз навор худ маълум аст, ки танҳо 10 – 15 нафар аъзои наҳзат иштирок доштаанду халос. Навор бошад, 40 – 50 нафар дидаанд, ки худи наҳзатиён ҳастанду халос.

Аз дастовардҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон наҳзатиён ва паймонсӯзон дарун – дарун месузанд. Барои онҳо ин ҳама дастовардҳои миллати тоҷик зери сиёсати созандаи Пешвои миллат ранги заҳр аз гулуяшон мегузарад. Дирӯз Президенти мамлакат озими минтақаи Аврупо шуда, ба чанд давлатҳои он сафари кориву расмӣ анҷом доданд. Иттиҳоди Аврупо дар минатқаи Аврупо яке аз шарикони рушди давлати мо ба ҳисоб рафта, муносибатҳо дар ҳамаи соҳаҳо, чӣ иқтисодиёту сиёсат, маорифу тандурустӣ ва фарҳангу ҷавонон дар сатҳи олӣ қарор дорад. Соли гузашта бо сафари расмӣ Раиси Шурои Аврупо ҷаноби Доналд Туск аз мавқеи Тоҷикистон дидан карданд. Зимни ин сафар Роҳбари  ИА аз кӯли Сарез ва гӯшаву канори давлати мо дидан карда, аз таассуроти неки худ аз Тоҷикистон ёдовар гардид.

Чанде қабл санаи 1-уми ноябр дар шаҳри Душанбе Пешвои миллат ҳайати расмии вакилони  Иттиҳоди Аврупоро бо роҳбарии ҷаноби Фулвио Матрушиелло ба ҳузур пазируфт. Ҷонибҳо дар вақти суҳбат иқрор гардиданд, ки тули ин солҳо ҳаҷми гардиши молу маҳсулот ва ёрии башардустона байни Тоҷикистон ва ИА даҳҳо маротиба  афзоиш ёфтааст. Зимни мулоқот ҷонибҳо ба масъалаҳои мусоидати Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон дар татбиқи Стратегияи миллии рушди кишвар то соли 2030 ва Барномаи бисёрсолаи индикативии Иттиҳоди Аврупо барои давраи то соли 2020 аҳаммияти хосса зоҳир карданд. Татбиқи амалии Даҳсолаи нави байналмилалии "Об барои рушди устувор” ва  “Стратегияи таҷдидшудаи Аврупо барои Осиёи Марказӣ” барои минтақа муҳим арзёбӣ гардид. Ин ҳама аз мақоми калидии доштани Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, ба давлати мо таваҷҷуҳи ИА ва давлатҳои Ғарб бениҳоят калон аст.

Мо, шаҳрвандон аз сиёсати кунунии давлати  худ дар ҳамаи самтҳо чӣ дохил ва хориҷ хушҳол буда, барои рушду густариши муносибатҳо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ тарафдорем. Сарҷамъии миллат ва дастовардҳои беназири мо чашми ҳасудонро кӯр хоҳад кард.

Ҳ.Қурбонов,
ассистенти кафедраи сиёсатшиносии
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh