Бозгӯи тавсеаи ҳамкорӣ

Рушди муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёту иҷтимоиёт ва истифодаи имкону захираҳо барои мардуми мо равона гардида истодааст, зеро дар оянда таҳкими чунин ҳамкориҳои стратегӣ боиси муаррифии қудрати миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мегардад. Имкониятҳои минбаъдаи мамлакат дар ҷодаи ҳамкориҳои бисёрҷониба бо давлатҳои Иттиҳоди Аврупо ниҳоят васеъ буда, барои дастгирии яке аз стратегияи миллӣ – саноатикунонии босуръат муосидат менамояд.

Маҳз, барои татбиқи ин стратегияи ниҳоят муҳими миллӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат сол аз сол шароити мусоид фароҳам оварда шуда истодааст. Бунёди инфрасохторҳои зарурӣ, таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҳавасмандгардонии соҳибкорону сармоягузорон, пешбинии имтиёзҳо барои технологияҳои инноватсионӣ яке аз сабаби сафарҳои расмии Пешвои миллат буда, баҳри некуаҳволии мардуми тоҷик равона мегардад. Боиси хурсандист, ки дар натиҷаи густариши ҳамкориҳо бо давлатҳои Иттиҳоди Аврупо дар сар то сари мамлакатамон корхонаҳои нав бунёд ёфта истодаанд, ки як зумра аҳолии мамлакатро бо ҷойҳои корӣ таъмин намуда, дар беҳтар гардидани шароити иҷтимоӣ - иқтисодии онҳо мусоидат мекунад.

Дар доираи сафари расмӣ ба Аврупо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқотҳои судманд густурда бо Президенти Конфедератсияи Швейтсария, Раёсати Бонки Швейтсария, шаҳрдори Берни Швейтсария, Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Оғохони IV ва форуми соҳибкорону сармоягузорон суханронӣ намуда, ин ҳама вохӯриҳо баҳри рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, бонкдорӣ, сармоягузорӣ ва саноат нақши назаррас гузоштанд.

Ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат дар ҷодаи дастгирии сиёсати хориҷии кишвар, яъне «сиёсати дарҳои кушод» воқеан аз рушду тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии кишварҳо шаҳодат медиҳад.

Мисоли он мулоқоти Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Фаронса ҷаноби Эммануел Макрон мебошад, ки саҳифаи нави муносибатҳои давлати моро бо Иттиҳоди Аврупо бозгӯйӣ менамояд.

Т.ТӮХТАЕВ,
дотсенти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh