НОСИПОСӢ - ХУДНОШИНОСӢ

Воқеаи шаби 6 - уми ноябр касеро бетараф намегузорад. Чӣ гуна неъматро бо куфр бахшишу аторо бо гуноҳу маъсият ҷавоб медиҳанд? Чӣ гуна аъмолу кирдори ваҳшиёнаро содир менамоянд, ки Парвардигоре, ки аз адам ҳасташ намуда, ризқу рӯзӣ ато кард, ҳаё надоранд? Ростӣ, агар ӯ хашм гирад, кадом осмон онҳоро мепӯшонанд, кадом замин ба онҳо ҷову макон медиҳад ва куҷо эмин хоҳанд буд? Худоеро нофармонӣ менамоянд, ки аввалину охирин Ӯст, қодиру тавоност.

Механданду шодиву хушҳолӣ менамоянд, ба айшу ишрат машғуланд дар ҳоле ки болои сарашон Парвардигор хашмгину норозист, ба маъсият машғул шуда, гуноҳ содир кардан, мардуми бегуноҳро ваҳшиёна аз ҳаёт маҳрум намудан куфр аст. Азоби рехтани хуни ноҳақ боз ҳам зиёдтар мебошад. Инсон дар дунё дар имтиҳон ва озмоиши Илоҳӣ қарор дорад ва ҳар имтиҳонеро мардуд шудану хасорате ҳаст.

Вақте китоби рӯзгори донишмандону бузургони гузаштаи худро саҳифагардон кунем, мебинем, ки каромати онҳо, пеш аз ҳама, дар эҳтироми вақт буд. Марде аз донишманде хоҳиш намуд, ки ба ӯ чанд сухан гӯяд. Донишманд гуфт: «Офтобро боздор, то ба ту сухан гӯям». Зеро вақтро аз даст додан умрро аз даст додан аст. Аммо ифротгароён бе содир намудани амали террористӣ рӯзеро намегузаронанд, барои вақтҳое, ки қурбони беҳудагию ваҳшигарӣ намудаанд, маъзарат намехоҳанд, пушаймон ҳам намешаванд.

Террористон на як каси муайянро, балки ҳазорон инсони бегуноҳро ба қатл мерасонанд, ҳар рӯз хуни ноҳақ мерезанд. Магар онҳо аз оёти қуръонӣ хабар надоранд? Албатта, хабар доранд, аммо имони комил надоранд. Амалҳои ваҳшиёнаро баҳри бадном кардани дини мубини Ислом бо мақсади ба даст овардани манфиатҳои нопоки шахсии хеш анҷом медиҳанд.

Ҷоҳиливу ҷaҳолат боиси ҳамаи бадбахтиву тундгароиҳост, боиси нооромии ҷомеа ва сарсонию бадбахтиҳо мебошад. Ин густохӣ ва носипосии нобахшиданӣ ба Офаридгор буда, заҳр барои ҳар хонадон аст. Носипосӣ Худо-ношиносист, доғи халқу миллат ва асоси бадбахтиҳо мебошад. Лаънати Худо бод ба онҳое, ки дар ниқоби Ислом барои ба даст овардани мақсадҳои разилонаи худ бародарро зидди бародар ва фарзандро зидди падар мешӯронанд.

Мо миллати таҳaммулпазирем, набояд ба эҳсосу беандешагӣ роҳ диҳем. Фитнагару тафриқаандоз лаънаткардаи халқу Худо аст, ҳаргиз ба мурод намерасад.

Набихон Ярқулзода,
сокини шаҳри Исфара

Add comment


Security code
Refresh