Иғвоҳои навбатии Кабирӣ

Ба ҳамагон маълум аст, ки тӯли чанд соли охир раиси ТТЭ ҲНИ, ҳамакнун ба ном Паймони миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар пуштибонии хоҷагони хориҷии хеш бо паҳн намудани ҳар гуна суханҳои беасоси худ давлату Ҳукумати моро танқид менамояд.

Агар ба арсаи байналмилалӣ назар кунем, баръало маълум мешавад, ки ягон давлате нест, ки шаҳрвандаш дар давлати бегона муҳоҷир набошанд. Аз ҷумла, аҳолии давлатҳои тараққикардаи муосир чун Россия, ИМА, Фаронса ва ғайра дар давлатҳои дигар ба ҳайси муҳоҷир кору фаъолият доранд. Ба таври дигар гӯем, дар куҷо кору фаъолият намудан ин ҳуқуқи шахсии инсон аст ва Кабирӣ ҳуқуқи ба ин масъала айбдор намудани дигаронро надорад.

Кабирӣ дар дасти дигарон асту ӯро водор намуданд, ки доимо зидди Ҳукумати Тоҷикистон баромад кунад, суханҳои беасос мегӯяд.

Кабирӣ дар сомонаи Паём.нет қайд мекунад, ки бо дипломатҳои аврупоӣ дар кадом конфронсе суҳбат намудааст, ки гӯё дипломатҳои мо аз Аврупоиён барои ҳамоҳанг сохтани сафари Президент маслиҳат намуда бошанд. Ин маълумоти ӯ ба ҳақиқат наздик ҳам нест. Зеро, агар рост мебуд, ном ва насаби ҳамон дипломатро қайд менамуд. Дигар ин ки дипломати ягон давлати аврупоӣ масъалаҳои байнидавлатии худро бо Кабирӣ барин одамони кӯчагии тасодуфӣ маслиҳату муҳокима намекунад.

Суханрониву баромадҳои хоинон дар кӯчаҳои Аврупо беасосу дурӯғ буда, аз иғвогарӣ холӣ нест. Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш душмани халқи Тоҷикистон буда, мақсадашон иҷрои супоришҳои хоҷагонашон аст.

Ю.НУРМАҲМАДОВ,
дотсенти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh