СИЁСАТМАДОРИ БАРҶАСТАИ АСР

Ба саодати мардуми тоҷик дар асри имрӯз тавассути сиёсати дурнигаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони азизи мо дар арсаи байналмилалӣ бо ташаббусҳои нав ба нав аз мақом ва ҷойгоҳи махсусе бархурдор гардид. Истиқболи ташаббуси навбатии Пешвои миллат оид ба эълони Даҳсолаи навбатии “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” ва шурӯи муваффақонаи он бори дигар собит намуд, ки Тоҷикистон тавассути тадбирҳои умумиинсонии хеш дар анҷумани кишварҳои ҷаҳон мавқеъ ва мақоми хосаи хешро пайдо намудааст.

Дар баробари ин яке аз аввалин ташаббускорони ташкили конфронси байналмилалӣ оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм эътироф гардидани Пешвои миллат ва шарҳу тафсири ин муаммои аср ва ҷустуҷӯи роҳҳои мубориза бо он Тоҷикистонро ба унвони кишвари мизбони чунин ҳамоиши байналмилалӣ дар амри ҳаллу фасли муаммоҳои умумиҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.

Тадбирҳои фарҳангии Пешвои миллат дар ҷодаи ҷаҳонишавии Наврӯз, ба феҳрасти ёдгориҳои умумиҷаҳонӣ ворид шудани чандин аз арзишҳои фарҳангии миллати мо низ барои эътирофи мақом ва ҷойгоҳи Тоҷикистон дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ нақши муассир гузоштанд. Хушбахтона, ин тадбирҳо имрӯз низ давом доранд ва акнун ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат барои эҳёи ҷашну маросими дигари миллии мо, чун Меҳргону Сада метавонанд ба нақши Сарвари давлатамон дар амри ҷаҳонигардонии ин суннатҳо ва оинҳои инсонсози миллии мо таъкид варзанд.

Дар баробари ин ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар барномаҳои иқтисодиву иҷтимоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муҳиме қарор гирифтанд, ки онҳо ҳамагӣ аҳамияти минтақавӣ доранд. Танҳо давоми ду соли охир мо шоҳиди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани 2 агрегати Неругоҳи барқи обии “Роғун” будем, ки бо ҳузури Пешвои миллат ҷараён гирифт. Дар баробари ин, давоми Барномаи давлатии бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузург то соли 2020 амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи он чандин нерӯгоҳи бузург ҳам мавриди баҳрабардорӣ ва таҷдиду тармим қарор гирифтанд. Татбиқи амалии ин барномаи давлатӣ омил бар он шуд, ки Тоҷикистон дурнамои расидан ба истиқлолияти энергетикиро пурра таъмин намуда, кишвари моро ҳамчун сарчашмаи истеҳсоли нерӯи барқи тоза муаррифӣ намояд.

Ба истифода дода шудани чунин иқтидорҳои истеҳсолии кишвар метавонад аҳамияти бунёди ин нерӯгоҳҳои бузургро барои минтақа бозгӯӣ намуда, Тоҷикистонро ҳамчун сарчашмаи манбаи нур ва кишвари таъминкунандаи минтақа бо нерӯи барқ муаррифӣ созад. Аз ин нигоҳ аҳамияти байналмилалии барномаҳои иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамагӣ ба ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя мекунанд, бегумон, дар болоравии мақоми байналмилалии Тоҷикистон ва афзудани нуфузу эътибори Пешвои миллат ҳамчун сиёсатмадори барҷастаи асри имрӯз саҳми муносиб мегузоранд.

Соли 2018 дар сарзамини мо “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардида буд. Ҷамъбаст ва натиҷагириҳои муассир аз ин сол нишон дод, ки воқеан дар давоми як сол имкониятҳои рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон ба таври зарурӣ муаррифӣ шуда, доираи васеи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, ба имкониятҳои ҳамаҷонибаи кишвари мо баҳои баланд доданд. Дар натиҷа, барои боз ҳам бештар муаррифӣ намудани ин имкониятҳо, эҳёи обидаҳои таърихӣ ва тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ ва падидаҳои он солҳои 2019 - 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид.

Мардуми шаҳри Хуҷанд сарфароз аз он ҳастанд, ки тавассути дастгириҳои Пешвои миллат дар фосилаи кӯтоҳ имкониятҳои бузурги ин шаҳри таърихӣ барои рушди сайёҳӣ босамар истифода шуда, дар натиҷа чандин маконҳои шоиста барои ҷалби сайёҳон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Бунёди Маҷмааи таърихии қалъаи Хуҷанд, мақбараи рамзии Шайх Камоли Хуҷандӣ, хона ва боғи шоир, роҳи танобӣ, киштии рамзии “Темурмалик” ва меҳмонхонаи замонавии “Суғдиён”, бунёди Маҷмааи таърихии 20 - солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ҳамагӣ имкониятҳои ҷалби сайёҳонро ба шаҳри Хуҷанд тавсеа бахшиданд. Дар натиҷа давоми ду соли охир наздик ба ним миллион сайёҳони хориҷӣ, меҳмонони кишварҳои ҳамҷавор аз ин маконҳои таърихии шаҳри Хуҷанд боздид ба амал оварда, имкониятҳои сайёҳии ин шаҳри қадимаро дар кишвар ва давлатҳои хеш муаррифӣ намуданд.

Тадбирҳои инсонсолоронаи Пешвои миллат дар амри тақвияти дӯстии халқҳои минтақа, аз ҷумла бо ҷумҳурии ҳамсояи мо самараҳои матлуб доранд. Баъд аз муддати тӯлонӣ робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо Ҷумҳурии ҳамсояи Ӯзбекистон тавассути корномаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиеёв натиҷаҳои шоён ҳосил намуданд. Дар натиҷаи таҳкими робитаҳои дӯстӣ муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии кишварҳо рӯ ба рушд оварда, мубодилоти молу ашё ва сафари шаҳрвандони ҳар ду кишвар бамаротиб афзун гардид.

Маҷмӯи ин чорабиниҳои сиёсиву иқтисодӣ, маърифативу фарҳангӣ аз он дарак медиҳанд, ки воқеан мақоми Тоҷикистон тавассути ибтикороти сиёсии Пешвои миллат дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ бамаротиб боло меравад. Истиқболи самимонаи чеҳраҳои барҷастаи сиёсии олам ва давлатҳои ҷаҳон аз иқдомоти инсонгароёнаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он дарак медиҳад, ки воқеан симои сиёсии Роҳбари давлати мо ҳамчун сиёсатмардори барҷастаи асри бисту як эътироф гардида, имрӯз таҷрибаи давлатдории Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои сиёсии байналмилалӣ ҳамчун намунаи барҷастаи сиёсати берунаи маъруф ба “сиёсати дарҳои боз” мавриди омӯзиш ва таҷрибаомӯзии давлатҳои олам татбиқ мешаванд.

Ин дастоварди бузург, маҳз ба таҷрибаҳои бузурги Пешвои миллат ва ғояву ормонҳои умуминсонии эшон такя мекунад, ки сарчашмаи омӯзанда, мояи ифтихор ва намунаи ормонӣ дар низоми давлатдории миллии мо ба шумор меравад ва моро бовар мекунонад, ки ин сиёсати дурнигарона, раҳнамо ва раҳкушои мардуми мо то ба дуриҳои дур, то ба қуллаи мурод ва расидан ба ҳадафҳои бузург хоҳанд буд.

Маъруф Муҳаммадзода,
раиси шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh