ПЕШВОИ МО - САОДАТУ ИФТИХОРИ МО!

Он миллате босаодат ва пирӯз аст, ки сарвараш оқилу хирадманд ва тӯдакашу соҳибфазилат бошад. Хушбахтона, миллати тоҷик дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамин хислати олиҳимматӣ ва накӯпешагиро мебинад.

Таърих фаромӯш нахоҳад кард, ки Эмомалӣ Раҳмон бо хизматҳои бемислу монанд барои ягонагии Ватан, пойдории давлати Тоҷикистон ба ҳайси сиёсатмадори ҷаҳонӣ эътироф гашта, сарзамини аҷдодиамон туфайли сарварӣ, роҳнамоӣ ва саъю талоши хастагинопазирашон аз ҷанги бемаънӣ раҳо ёфту обод гардид, демократия таҳким ёфт, рушди соҳаҳои хоҷагии халқ таъмин гашт, арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ ҳифз шуд, шароити зиндагии шоиста ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон фароҳам омад.

Баробари ин таҷрибаи сулҳи миёни тоҷикон яке аз бузургтарин сабақҳои мактаби сиёсатмадорӣ ва давлатдории Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифтааст.

Пешвои миллат дар сиёсати давлатии худ ободкориву созандагиро дар мадди аввал гузоштаанд. Татбиқи се ҳадафи стратегӣ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва эълон шудани ҳадафи чорум – саноатикунонии босуръати мамлакат вазъи иҷтисодиву иҷтимоии кишварро куллан дигар намуд. Бунёди нақбҳои “Истиқлол”, “Шаҳристон” ва “Шар - шар”, таҷдиду азнавсозии роҳҳои Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, Душанбе – Қулма – Қароқурум ва роҳҳои дохилии мамлакат, мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳҳои азими “Роғун”, “Сангтӯда - 1” ва “Сангтӯда – 2”, Маркази гармидиҳии Душанбе, ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, равнақу ривоҷи муносибатҳои бозоргонӣ, хусусигардонии моликият, бунёди ҳазорҳо гектар боғу ток аз сиёсати хирадмандона ва ояндабинонаи Пешвои муаззами миллат дарак медиҳанд. Таҳти роҳнамоӣ ва сиёсати маънавибунёди Роҳбари давлат дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар беш аз 1500 муассисаи соҳаи маориф, наздик 700 иншооти соҳаи тандурустиву фарҳангӣ бунёд гардида, сатҳи илму маърифат боло рафт. Дар як муддати кӯтоҳ дар шаҳру навоҳии Хуҷанд, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Айнӣ ва Ашт бунёд шудани як қатор иншооти соҳаи маориф далолат бар он медиҳад, ки сиёсати Роҳбари маънавибунёди давлатамон ба рушду нумӯи ин соҳаи муҳим равона гардидааст.

Нуктаи дигар шоистаи зикр аст, ки Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ғами миллати хеш, балки аз мушкиливу муаммоҳои глобалии ҷаҳонӣ андеша мекунанд ва дар ҳалли онҳо фаъолона ширкат меварзанд. Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор”, ки бо ибтикори Сарвари хирадсолори кишварамон солҳои 2018 – 2028 ҷараён дорад, ки дар кори баланд бардоштани сатҳи донишу огоҳии ҷомеаи шаҳрвандӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ, байналмилалӣ ва ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба захираҳои об мусоидати хуб мекунад.

Яке аз рукнҳои муҳими сиёсати фарҳангии Пешвои миллат ба арҷгузории шахсиятҳои бузурги адабиву таърихӣ, фарҳангӣ ва миллӣ пайванд мегирад. Хушбахтона, то кунун дар Тоҷикистон ҷашнҳои бузургдошти ҳазораи “Шоҳнома” - и Фирдавсӣ, 675 – солагии Камоли Хуҷандӣ, 700 – солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, 600 - солагии Абдураҳмони Ҷомӣ, 900 - солагии Умари Хайём, 1000 - солагии Носири Хусрав, 800 - солагии Мавлонои Балхӣ, 1100 - солагии Давлати Сомониён, 2700 - солагии китоби “Авесто”, 2500 - солагии шаҳри Истаравшан, 2700 - солагии шаҳри Кӯлоб, 1150 - солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1310 - солагии Имом Абӯҳанифа, 150 - солагии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ ва дигарон бошукӯҳ таҷлил гардид ва дар назар аст, ки 5500 - солагии Сарами бостонӣ соли 2020 ҷашн гирифта шавад. Боғҳои ба номи Садриддин Айнӣ, Камоли Хуҷандӣ, Сайфи Исфарангӣ дар шаҳру навоҳии вилоят азнавсозӣ шуда, ба макони ободу истироҳати шаҳрвандон табдил ёфтаанд. Зебоипарастӣ ва талқини ин накӯхислат дар тинати шаҳрвандон аз хислатҳои олии Роҳбари хирадманди тоҷикон аст. Бо пешниҳоди Сарвари давлат кӯчаву хиёбонҳои марказҳои шаҳру навоҳӣ ба гулгаштҳо табдил ёфтаанд.

Махсусан, ибтикори Сарвари давлат дар мавриди эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” барои боз ҳам ободу зебо гардидани диёри офтобию зебои кишварамон такони ҷиддие мебахшад.

Имрӯз осоишгоҳҳо, мавзеъҳои таърихӣ бо тарҳи ҷадид азнавсозӣ мешаванд. Дастури созандаи Сарвари давлат дар мулоқот бо зиёиёни кишвар бобати эҳтиром гузоштан ба фарҳангу тамаддуни қадимаи тоҷикон барои эҳёи мавзеъҳои таърихӣ асос шуданд.

Туфайли сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат имрӯз якдиливу ваҳдат, дӯстиву бародарии байни минтақаҳо пойдор буда, сокинон бо рӯҳияи болидаву хотири ҷамъ дар фазои ободу озод кору зиндагӣ доранд. Ин нишони саодати миллат аст ва аз ҳар як шаҳрванди бонангу ори кишвар тақозо мекунад, ки ба хотири боз ҳам ободу шукуфоии диёр дар доираи 1300 рӯзи бунёдкорӣ ва созандагӣ саҳме дар пешрафти меҳнати худ гузорад.

Дар назар аст, ки то ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар вилояти Суғд 6 ҳазору 500 иншоот сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Айни замон корҳо муташаккилона идома дошта, 2 ҳазору 200 иншоот сохта, ба истифода дода шудааст.

Мо бо чунин абармарди покизаназар ва шахсияти баркамол ифтихор дорем. Мардуми мо гавҳаршинос аст ва ба қадри заҳматҳои бесобиқаи Роҳнамои миллати худ мерасад ва самимона дӯст медорад.

Осим КАРИМЗОДА,
сардори Раёсати маорифи
вилояти Суғд, доктори илмҳои таърих, профессор

Add comment


Security code
Refresh