ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

Сиёсати фарҳангии давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пас аз бо заковати фитрии намояндагони мардумӣ ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад. Хусусан, ин раванд аз соли 1994, баъди бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъати тоза гирифт. Дарозои наздик панҷ соли минбаъда сиёсати фарҳангӣ комилан барои ноил шудан ба оштии миллӣ ва барқарору устувор гардонидани унсурҳои асосии давлат равона карда шуд.

Аркони асосии давлат дар меъёри талаботи байналмилалӣ ба дараҷаи баланд барпо карда мешуд, вале ҳамоно ҷанги бародаркуш, куштор, дуздиву ғоратгарӣ, роҳзанӣ ва дигар амалҳои ношоиста идома доштанд. Сиёсати Сарвари давлат асосан ба самти сулҳофарӣ равона шуда бошад ҳам, тарғибот дар нигаҳдошту тарвиҷи анъаноту русуми ниёгон, муроҷиат ба зиёиёну олимон, омӯзгорону устодон, равшанфикрони диёр баҳри эҳёи Тоҷикистон ва расидан ба ваҳдати миллӣ ҳамвора садо медоданд ва сокинони кишвар эҳсос мекарданд, ки Роҳбари тозаинтихоби давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ абармарди ҷасур, дилсӯзу меҳанпарвар ва фарҳангдӯст аст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки заминаи асосии ҳуқуқии нигоҳ доштан, эҳё намудан ва инкишофи иҷтимоию фарҳангии анъанаҳои миллӣ, пеш аз ҳама, баъди ба сари ҳокимият омадани Пешвои дурандешу хирадманд Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд. Маҳз, дар ҳамин марҳала таҷлили рӯзҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суруди миллӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон поягузорӣ шуда, минбаъд онҳо пуршукӯҳ ва ба дараҷаи баланди сиёсиву фарҳангӣ, чун иди умумихалқӣ ҷашн гирифта мешаванд.

Соли 2009 бо ташаббус ва ибтикори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли бузургдошти Имоми Аъзам» эълон ва он бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд. Бахусус, сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи Тоҷикистон баъди баргузор шудани Симпозиуми байналмилалӣ, 5 - уми октябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Имоми Аъзам ва ҷаҳони муосир» ба куллӣ тағйир ёфт. Симпозиум бо иштироки беш аз 500 нафар олиму донишмандони дини мубини Ислом ва чеҳраҳои шинохтаи илму фарҳанги ҷаҳонӣ аз 50 мамолики дунё ба вуқӯъ пайваст ва Тоҷикистонро чун давлате муаррифӣ кард, ки ба фарҳангу адабиёт ва маънавиёт эътибори ҷиддӣ медиҳад.

Яке аз нишондиҳандаҳои асосии сиёсати хирадмандонаву фарҳангдӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ ҷашн гирифтани «Соли тамаддуни ориёӣ» ва аз тарафи ЮНЕСКО эътироф шудани 2700 - солагии “Авасто” мебошад. Таҷлили бошукӯҳи солгарди тамаддуни ориёӣ ва китоби муқаддаси “Авасто” ва дар ин замина таҳқиқ шудани он аз тарафи олимону донишмандони Академияи улуми Тоҷикистон чун мероси хаттии умумибашарӣ шаҳодати тамаддуни бостониасоси тоҷикон мебошад. Дарки амиқ дар пешрафти ҷамъияти инсонӣ, бевосита ба пайванди аслҳову наслҳо, бархурдорӣ аз беҳтарин дастовардҳои диниву дунявӣ ва илмиву таҷрибавии ниёгон вобастагии ногусаста доштани фарҳанг нуктасанҷии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро собит менамоянд.

Зикр кардан зарур аст, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили “Наврӯз”, “Меҳргон”, “Сада”, “Шашмақом”, “Фалак”, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо эҳё гардиданд. Хусусан, солҳои охир таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба ҳифзи забони давлатӣ, суннату арзишҳо ва либоси миллӣ зиёд шудааст.

Бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат қисме аз онҳо, аз ҷумла “Шашмақом” ва “Наврӯз” ба Феҳрасти мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ва шаҳри қадимаи Саразм, Парки миллии Тоҷикистон ба Феҳрасти мероси моддии ташкилоти зикршуда ворид гардиданд ва чуноне Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон зикр карданд, “... соли оянда мусиқии Фалак, ёдгории таърихии Ҳулбук ва ҷашнҳои Меҳргону Сада ба ин созмони бонуфузи байналмилалӣ пешниҳод карда мешаванд...”

Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихиву фарҳангии мо дар айни замон эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ мебошад.

Бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тасмим гирифт, соли 2020 ҷашни яке аз ёдгориҳои бостонии кишварамон - шаҳри қадимаи Саразмро доир намояд. Алҳол дар шаҳри Панҷакент дар ин ҷода тадбирҳои зиёд амалӣ шуда истодаанд. Дар шаҳри бостонӣ ба муносибати ҷашнвораи Саразм якчанд иншоот бунёд мешавад, ки ба беҳдошти зиндагии мардум ва эҳёи таърихи ниёгон нигаронида шудаанд. Дарвозаи рамзии “Саразм” ва Осорхонаи шаҳраки қадима қомат меафрозанд. Ин чорабинӣ имкон медиҳад, ки мо маданияти беш аз 5500 - солаи аз ҷониби доираҳои илмии ҷаҳон эътирофшудаамонро ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ созем.

Дар ин бобат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид таъкид кардаанд: “Моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем. Ин қарзи мо дар назди таърих ва наслҳои оянда мебошад”.

Бисту ҳашт соли баъди ба Истиқлолияти давлатӣ соҳиб шудани кишвар собит намуд, ки Тоҷикистон таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи неруҳои зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, ойину анъана, дигар муқаддасоти миллӣ ва ташаккулдиҳандаи одобу ахлоқи ҳамида эътибори доимӣ медиҳад. Метавон гуфт, дар кишвари мо соҳаи фарҳанги миллӣ муттасил рушд менамояд ва дар ин радиф саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас аст.

Ҷамшед ҶӮРАЗОДА,
ректори Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи академик
Бобоҷон Ғафуров, доктори илмҳои таърих,
профессор

Add comment


Security code
Refresh