Дар Қасри таърихии Арбоб бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир шуд

16 ноябри соли 2019 дар макони таърихиву барои мардуми тоҷик муқаддас – Қасри маданияти Арбоб бо иштироки роҳбарияти вилоят, роҳбарони ташкилоту идораҳо, фаъолон, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбори омма, корпусҳои дипломатӣ ва зиёиён бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок ва суханронӣ дар ҷамъомад сокинони  вилоятро ба ин  ҷашни ҳумоюнӣ ва ормонии миллати тоҷик табрик намуд. Қайд карда шуд, ки дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти махсусиятҳои фарҳанги сиёсии халқи тоҷик, анъанаҳои давлатдории миллӣ халқ шакли идораи президентиро қабул намуда, ба ҷонибдории он раъй дод.

Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик моҳи ноябри соли 1992 тавассути интихоби оқилонаи вакилони Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олӣ, ки дар Қасри Арбоб сурат гирифта буд, дар симои мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон—шахсияти дорои ҳисси баланди ҳувияти миллӣ, хирадманду дурандеш, роҳбари  тавонову соҳибтадбир, чеҳраи баргузидаи сиёсӣ ва Пешвои ҳақиқии хешро пайдо намуд. Ин фарзанди фарзонаи миллат ва сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ бо эътимоду эътиқод ба халқи хеш бо корномаҳои сарнавиштсози худ миллати куҳанбунёд ва мутамаддини тоҷикро аз вартаи нобудӣ берун оварданд, бо хиради фитриву истеъдоди шоистаи кишвардорӣ ва сиёсати ҳаётофарини хеш дар қалби мардум шўълаи ҳамдилиро фурўзон ва донаҳои умедро ба фардои дурахшон сабз гардонданд.

Дар доираи салоҳиятҳое, ки Конститутсия ба Президент додааст, раванди ҳаёти иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлол босуръат пеш рафта, кишвар ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Маҳз тавассути талошҳои муттасили Пешвои муаззами миллат Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи эъмори давлати ҳуқуқбунёд, соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ ва ягонаро пеш гирифта, дар мўҳлати кўтоҳи таърихӣ соҳиби Конститутсия, Нишон, Парчам, Суруди миллӣ, асъори миллӣ, ки ифодагари худшиносиву ҳувияти миллӣ мебошанд ва тамоми рукнҳои давлатдории миллӣ гардид. Эҳё ва гиромидошти суннату арзишҳои миллӣ, пойдории ҳувияти миллӣ, забони миллӣ, таваҷҷўҳи фарогир ба таърих ва маърифати ниёгон, зинда гардонидани номи шахсиятҳои барҷастаи миллатро сокинони мамлакат бо номи Пешвои муаззами худ тавъам медонанд. Хушбахтона, имрўз дар партави ҳидоятҳо ва роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат  мактаби давлатдории миллии муосири тоҷикон арзи ҳастӣ намудааст, ки он яке аз омилҳои кафолатдиҳандаи рушд, субот, амният ва ҷовидонагии миллату давлати мо мебошад.

Таъкид гардид, ки Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санаи муҳим дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ва санаи муҳими тақвими ҷашну маросимҳои миллӣ эътироф гардида, нишони арҷгузориву эҳтиром ба заҳматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масири таҳкими пояҳои давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини истиқрори сулҳ,  пешравиҳои назарраси мамлакат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб меёбад.

Аз ҳамин лиҳоз, бо пешниҳоди гурўҳи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» 14 майи соли 2016 тағйироти зарурӣ ворид карда, минбаъд 16 ноябр ҳамасола Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.

Президенти мамлакат ҳамчун ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд рисолати таърихии худро дар назди Ватан, миллат ва таърих бо сидқу сарбаландӣ ва тамоми вуҷуди хеш ба ҷой оварда истодаанд.

Таҳти роҳбарии Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мўҳлати кўтоҳтарин мактаби давлатдории миллии тоҷикон дар замони нав ташаккул ёфта, ҷанбаҳои шаклӣ, сохторӣ, мазмунӣ ва арзишии он дар сатҳи муосиртарин ба вуҷуд оварда шуданд. Дар давоми 28 соли Истиқлолияти давлатӣ шароити иҷтимоӣ ва иқтисодии мардум сол аз сол беҳтар гардида, сиёсати иқтисодӣ тамоюлҳои мусбатро фароҳам оварда истодааст.

Хизматҳои Сардори давлати тозаистиқлоли тоҷикон барои дар арсаи ҷаҳон мустаҳкам кардани мавқеи геополитикӣ ва геостратегии ҷумҳурии азизамон бесобиқаанд.

Ташаббускори ҷаҳонии ҳалли масоили глобалӣ дар соҳаи об эътироф гардидани Тоҷикистон ва аз ҷониби наздик 150 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохта шудани кишвари азизамон натиҷаи заҳматҳои хастанопазир, ҷасорату матонат, умеду боварӣ, сабру таҳаммул, ҷавонмардиву дурандешӣ, донишу хиради волои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, эътимоду боварии мардуми кишварро ба ояндаи боз ҳам дурахшон қавитар мегардонад.

Танҳо номбар кардани ҷанбаи сиёсати ба беҳдошти иҷтимоиёти мардум нигаронидашудаи фаъолияти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумули барқарор кардани харобаҳои аз ҷанг ба ёдгор монда, бунёд шудани шаҳракҳои нав, ободонии шаҳру деҳот, бунёди силсилаи шоҳроҳу пулҳо, вусъати сохтмони нерўгоҳҳои обии барқӣ, канда шудани нақбҳо, ки нафақат иқтисоди ҷумҳуриро иқтидори тоза бахшиданд, балки симои кишвари моро ҳусни тоза ато намуданд,ба кор даромадани корхонаву коргоҳҳои нав саноатӣ, бунёд ва таъмиримактабҳои наву мавҷуда, ташкили мактабҳои махсуси ҷавобгўи стандарти ҷаҳонӣ, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонидани бемористонҳо, бунёди бинои нави  бемористон, бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти дурдасттарини Тоҷикистон, бунёди хиёбону гулгаштҳо бо тарҳу намуди миллӣ, сохтани варзишгоҳҳо, қасрҳои фарҳанг, Китобхонаи миллӣ, ба хориҷа барои таҳсил фиристодани садҳо нафар ҷавонони тоҷик, бо Квотаи президентӣ ба таҳсил фаро гирифтани ҷавонон, дар арсаи олам афзудани шарафу обрўи кишвари мо  ва амсоли ин, ки ҳама нишонаи ғамхориҳои ҳамарўза ва беинтиҳои Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон нисбати халқи азизи кишвар аст, ҳар як шахсро ба ояндаи ободу осуда ва фардои дурахшони мамлакат мутмаин месозад.

Аз ин рў, табиист, ки дар асоси дархости бешумори мардуми тоҷик Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон»-ро сазовор донист ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»-ро қабул кард.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон афзуд, ки таҷрибаи амалияи сиёсӣ исбот намуд, ки дар Тоҷикистон роҳи дурусти шакли идоракунии давлат интихоб шудааст. Тайи солҳои гузашта дар мамлакат ниҳоди президентӣ бомуваффақият татбиқ шуда, волоияти қонун ва адолати иҷтимоӣ дар тамоми қишрҳои ҷомеа таъмин гардид.

Пешрафту ободӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, амалӣ шудани ҳадафҳои стратегии мамлакат аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ин сиёсат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои хуб дод, аз ҷониби мардум дастгирӣ ёфт ва собит сохт, ки мо роҳи дурусти шакли идораи давлатро интихоб кардаем.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки минбаъд низ кишвари соҳибистиқлоламон ба комёбиҳои аз ин ҳам бештар ноил гардида, сокинон дар рўҳияи баланди худшиносиву ватанхоҳӣ ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол мегиранд.

Сипас, аз ҷониби аҳли фарҳанг барномаи ҷолиби консертӣ намоиш дода шуд, ки ба ҷамъомади шукуҳи хоса бахшид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Add comment


Security code
Refresh