ПАДИДАҲОИ ИФРОТӢ - МУАММОИ ҶОМЕА

Ҳамаи пешравию тараққиёт ва кафили зиндагии шоистаи мардум аз таъмини суботи сиёсӣ ва ваҳдату оромӣ вобастагии амиқ дорад. Инро ҳар як шаҳрванди комилу огоҳ ва бедордили мамлакат аз ҳама беҳтару хубтар мефаҳмад ва бо тамоми вуҷуди худ эҳсос мекунад.

Таассуб ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир ба ҳисоб рафта, хатари умумиинсониро дар сайёра ба бор овардааст. Мусаллам аст, ки аҳдофи ҳар гуна гурӯҳ ё ташкилоти ифротгаро ноором намудани сулҳу суботи ҷомеа мебошад. Заминаҳои зуҳури таассубу ифротгароӣ мухталиф буда, бар ҷаҳолату авомфиребӣ, баҳрамандиҳои молиявӣ, дастрасӣ ба сармоягузориҳои ғайриқонунии манфиатҷӯёни хориҷӣ асос меёбад.

Чунонки мутахассиси шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Меҳрафкан Мирзоҳофизиён иброз дошт, то ҳанӯз ҳастанд он нафароне, ки дучори таассуботу нодонӣ гашта, ба файзу нусрат ва пешрафти Ватани маҳбубамон назари бад зоҳир менамоянд. Дар ин раванд яке аз масъалаҳои доғи рӯз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгарову тундрав ва ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, таҳсил дар мадрасаҳои исломии мамолики хориҷа боиси ташвиши аҳли ҷомеа гардидааст.

Ҳукумати Ҷумҳурӣ то ин дам садҳо ҷавонон, ки дар муассисаҳои динии ғайриқонунии мамолики хориҷа таҳсили илм доштанд, ба Ватан баргардонида, барояшон имконоти мусоиди таҳсил ва кору зиндагӣ фароҳам овард.

Дар ин раванд аз шаҳру навоҳии вилоят шумораи донишҷӯёни баргардонидашуда аз соли 2010-ум аз теъдоди умумии 715 нафар 693 нафар баргардонида шудаанд. Аз онҳо 239 нафар бо ҷои кор таъмин гардида, 242 нафарашон алҳол дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд.

Мутаассифона, аз шумораи умумие, ки бо мақсади илм омӯхтан ба хориҷа сафар намуда буданд, 30 нафари онҳо ба доми фиреб афтода, ба ҷиноят даст задаанд, ки дар кофтукови расмии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дошта, 13 нафар умуман барнагаштаанд ва 15 нафар дубора баргашта рафтанд. Ба онҳое, ки дубора сафар намудаанд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии вилоят бо ҷойи кори мувофиқ ва барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи Исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзами шаҳри Душанбе пешниҳод ва тавсия дода шуда буд. Мутаассифона, донишҷӯёни мазкур ин пешниҳодро қабул накарда, бо баҳонаҳои гуногун дубора сафар намудаанд, ки 13 нафар таҳсили динӣ ва боқимонда бо сабабҳои гуногун дар қайди расмии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ қарор доранд,- зикр намуд М. Мирзоҳофизиён.

Чунончӣ, Мӯҳсини Матқосим, сокини Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт дар мадрасаи Имом Ҳумайнии шаҳри Қуми Ҷумҳурии Исломии Эрон, Абдушукур Ҷумъаев сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба донишгоҳи исломии «Ал - Мадина - ал - Мунаввара» - и шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ, Юсуф Сангинов, ҳамчунин сокинони Ҷамоати деҳоти Ворӯ , деҳаи Гулистони шаҳри Панҷакент Мубашшир Гадоев ва Дилбарнисо Гадоева аз мадрасаи исломии шаҳри Зоҳидони Ҷумҳурии Исломии Эрон давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ баргардонида шудаанд.

Фирефташудагон иброз медоранд, ки шукронаи зиндагии осоиштаро накарда, ба роҳи интихобнамудаи гумроҳзадагон афтидему дар охир пушаймон гаштем, зеро ба авлоду аҷдодонамон иснод овардем.

- Ҳастанд нафароне, ки мисли мо ба доми фиреби ифротгароён афтодаанду боз ба давлату кишвари худ баргашта истодаанд ва ё фикри баргаштан доранд. Баъзеи онҳо баъди дидани Ватан шод гардида, шукронаи зиндагии осударо мекунанд. Дар замони пешрафту тараққиёти илму техникаи муосир ҷавонони моро зарур аст, ки пойбанди расму оинҳои хурофотӣ набошанд ва кӯшиш намоянд, ки ҳамқадами замон гардида, аз дастовардҳои илмию техникӣ огоҳ ва ҷаҳонбинии хешро такмил бахшанд.

Мо - волидон бояд ҳамеша бо чӣ кор машғул шудани фарзандонамонро назорат намоем, зеро имрӯз замоне расидааст, ки аз тарафи нафарони иғвогар фарзандони мо гумроҳ гардида, даст ба содир намудани ҷиноятҳои басо нангин мезананд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh