Сангандозиҳо ба хотири чӣ?

Оид ба сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлатҳои Аврупо имрӯзҳо як гурӯҳ хоинони Ватан тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ мехоҳанд, онро ба таври худ шарҳ диҳанд. Сафари расмии Пешвои миллат бо баргузории вохӯрӣ, гуфтушунид, иштирок дар конфронсу ҳамоишҳои байналмилалӣ, бастани шартномаҳои судманди иқтисодиву фарҳангӣ сурат гирифт.

Санаи 12 - уми ноябр дар ҷараёни сафар Пешвои миллат дар ҷаласаи 40 - уми Конфронси Генералии ЮНЕСКО (қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париҷ), ки ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим бахшида шуда буд, иштирок ва суханронӣ намуда, оид ба мушкилоти глобалии замони муосир, яъне гармшавии иқлим, об шудани пиряхҳо, сифат ва миқдори захираҳои оби тоза ва ғайра маърӯза намуданд. Мудири кулли ЮНЕСКО, хонум Одри Азуле ба Пешвои миллат барои ташаббусҳои созанда изҳори миннатдориву қаноатмандӣ карда, иброз дошт, ки маҳз бо азму талоши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бо ташаббусҳои созанда баромад намуда, барои қабули аксар барномаву стратегияҳои сатҳи ҷаҳонӣ мавқеи калидӣ пайдо кард.

Пешвои миллат низ дар навбати худ аз баргузории чунин ҷаласаи сатҳи байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, аз ҷониби мудири кулли ЮНЕСКО, хонум Одри Азуле мусоидат намуданро дар ҳалли баъзе масъалаҳои гидрологӣ ва фарогирӣ аз татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 - 2028» таклиф ба ҷо оварданд.

Мо, шаҳрвандони кишвар бояд ифтихор намоем, ки тавассути ташаббусҳои созанда ва сатҳи ҷаҳонии Президенти мамлакат кишвари моро аксар мамолики дунё мешиносанду эҳтиром менамоянд. Тавассути ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо бисёр кишварҳои дунё нуфузи Тоҷикистони мо дар самти сиёсӣ, иқтисодӣ боло меравад.

На ин ки аз дур, аз кишвари бегона истода, пешравиҳои сарзаминамонро нодида гирему ба сӯи он санг андозем.

М.ШУКРУЛЛОЕВА,
устоди Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh