Терроризм - вабои аср!

Мувофиқи муқаррароти моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзишии олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Дар моддаҳои 8 ва 30 - и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, ки дар Тоҷикистон ҷамъият дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад, ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад.

Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки наҷодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунад ва ё барои ба зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст. Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад. Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, наҷодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст.

Масъалаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ (ифротгароӣ) дошта ва тартиби баррасии парвандаҳои ҷиноятии номбурда бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)», Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз тарафи Тоҷикистон эътирофшуда ба танзим дароварда шудаанд. Терроризм яке аз ҷиноятҳои махсусан вазнини замони муосир мебошад, ки дар бисёр мавридҳо на танҳо хусусияти миллӣ, балки хусусияти байналхалқӣ низ дорад.

Масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм, ба ғайр аз меъёрҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Конвенсияи байналхалқии СММ «Дар бораи мубориза бо терроризми бомбавӣ» аз 15 декабри соли 1997, Конвенсия «Оид ба мубориза бо амалиётҳои ғайриқонуние, ки бар зидди амнияти авиатсияи шаҳрвандӣ равона шудааст» аз 23 сентябри соли 1971, Конвенсия «Дар бораи пешгирӣ ва татбиқи ҷазои ҷиноятӣ бар муқобили ашхосе, ки дорои ҳимояи байналхалқӣ мебошанд, аз ҷумла агентиҳои дипломатӣ» аз 14 декабри соли 1973, ҳамчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» аз 16 ноябри соли 1999 мебошанд, ки асосҳои мубориза бар зидди терроризмро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд.

Таҳти мафҳуми терроризм содир намудани таркиш, сӯхтор, тирпарронӣ аз яроқи оташфишон ё дигар кирдорҳое, ки боиси марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад, агар ин кирдорро бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо, ҳамчунин сӯиқасд ба ҳаёт, расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ ба ходими давлатӣ, ҷамъиятӣ ё намояндаи ҳокимият, вобаста ба фаъолияти давлатӣ ё ҷамъиятии онҳо, бо мақсади ноором сохтани вазъият ё расонидани таъсир ҷиҳати қабули қарор аз тарафи мақомоти давлатии мазкур ё монеъ шудан ба фаъолияти сиёсӣ ва ё ҷамъиятии онҳо содир шуда бошанд, фаҳмида мешавад.

Мо бояд ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳем ва нагузорем, ки ин амали номатлуб боиси ҳодисаҳои нохуш ва ноамнии ҷомеа гардад.

Иброҳимзода Хуршед Исмоил,
муовини сардори Раёсати иҷро дар вилояти Суғд,
Маҳмадӣ Мирзоев,
иҷрочии калони Хадамоти иҷро дар Суди иқтисодии
 вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh