Насли ҷавонро дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намоем!

Ҷумҳурии Исломии Афғонистон давоми солҳои дароз ба майдони рақобати давлатҳои абарқудрат табдил ёфта, таваҷҷуҳи оламиёнро ба худ кашидааст. Қариб ҳар рӯз расонаҳои хабарӣ оид ба таркиш ё амали террористӣ дар қаламрави Афғонистон иттилоъ мерасонанд.

Афзоиши гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва таъсири онҳо ба ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ мушкилоти амнияти ин кишварро дучанд кардааст. Имрӯзҳо, тибқи маълумоти расмӣ зиёда аз 21 гурӯҳи террористию экстремистӣ дар қаламрави Афғонистон вуҷуд доранд, ки бевосита асоси бесуботии сиёсӣ дар ин кишвар ба шумор мераванд.

Ҳузури ҷангиёни ба ном «давлати исломӣ» дар қаламрави Афғонистон нооромиро дар ин кишвар густариш дода, ба давлатҳои минтақа низ таҳдиди ҷиддӣ дорад. Бояд гуфт, ки интиқол ёфтани гурӯҳи террористӣ аз Сурия ва Ироқ ба Афғонистон таҳти нақша ва сарпарастии нерӯҳои хориҷӣ сурат гирифта, ҳадафашон на танҳо Афғонистон, балки ноором сохтани кишварҳои минтақа мебошад, зеро аксарияти ҷангиёни ДИИШ, ки дар Афғонистон ҳузур доранд, шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризм ва экстремизм қарор дорад ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ низ даъват ба амал меоварад, ки дар мубориза бо ин зуҳурот муттаҳид бошанд. Гурӯҳҳои ифротгаро талош доранд, ки бо ақидаҳои нодурусти худ занону духтарон ва ҷавононро, ки имрӯзҳо аз фарҳанги миллӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва афкори дурусти Ислом пурра огоҳӣ надоранд, ба сӯи худ ҷалб намоянд.

Бинобар ин дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани насли ҷавон яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи мо дониста мешавад.

Шамил НАЗАРЗОДА

Add comment


Security code
Refresh