Бадхоҳу бадкеш ба мақсад намерасад!

Воқеаҳое, ки имрӯз дар олам рух медиҳанд, ҳеҷ гоҳ аз назари аҳли ҷаҳон ниҳон намемонанд. Зеро васоити ахбор, хоса шабакаҳои электронӣ ва интернетӣ давоми чанд лаҳза онро ба ҷаҳон паҳн мекунанд. Ба қавле, ҳам амали савоб ва ҳам амали бад дер ё зуд ошкор мешавад ва, бадбахтона, гоҳо дурӯғ ҷои рост ва фитна ҷои ҳақиқатро мегирад.

Зеро имрӯз шахс, вақте ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ назар мекунад, ба ду ҷанбаи ҳаёт рӯ ба рӯ мешавад, яке корҳои хайру савоб, ободӣ, меҳру муҳаббат ва дигаре бадгумонӣ, дурӯғу буҳтон мебошад.

Бадии кор дар ин аст, ки инсонҳои касиф ва нокас дар дил буғзу адоват ё ягон нияти баде доранд, ки амалӣ шудани он ба фоидаи кисаи онҳо аст, аз ягон кори бад рӯ намегардонанд, аз ҳар ҳодиса мувофиқи хоҳиши худ хулоса бароварда, ҳарзагӯӣ мекунанд, қалам ба даст гирифта, ба буҳтонҳои беасос даст мезананд. Кас ба ҳайрат меафтад, ки ин гуна инсонҳо на аз Худо метарсанду на ба садои виҷдонашон гӯш мекунанд. Аз ҷумла, яке аз хоинони миллат бо номи Муҳаммадиқбол атрофи ҳодисаи ҳамлаи мусаллаҳона ба дидбонгоҳи сарҳадии "Султонобод", ки санаи 6 ноябр ба вуқӯъ пайваст, дар шабакаи иҷтимоӣ туҳмату буҳтонҳои зиёдро нашр кардааст.

Аз навиштаҷоти ин фарди бетамиз маълум мешавад, ӯ ҳеҷ вақт намехоҳад, ки Ватани азизи мо - Тоҷикистон обод ва ором бошад. Барои ақли солим мусаллам аст, ки ДИИШ душмани миллат ва давлатдории мо аст, сохторҳои қудратии Тоҷикистон бар зидди экстремизм ва терроризм шабу рӯз мубориза мебаранд. ДИИШ на танҳо душмани миллати мо, балки тамоми олами тамаддун аст. Муҳаммадиқбол, садқаи ин гуна номи хуб шавӣ, пешравии кишвари мо, кори хайр ба ту намефорад. Аз ДИИШ ва ту баринҳо мардуми Тоҷикистон безоранд. Оё ту фикр намекунӣ, ки имрӯз дар ҷаҳон дар як дақиқа садҳо хабар паҳн мегардад. Он хабарҳое, ки ДИИШ паҳн кардааст, аз ахбори умум гирифтааст, ту ва ту баринҳо суоли бетамизона дода, мардуми оддиро гумроҳ ва дар шакку шубҳа меандозед ва дониставу надониста туҳмат мекунед. Оё ту намедонӣ, ки туҳмат гуноҳи кабира мебошад ва туҳматчӣ ба азоби ҳар ду ҷаҳон гирифтор мешавад.

Имони ман комил аст, ки мардум ба ин гуна ҳарфҳо бовар надоранд ва туҳмату буҳтони ту баринҳо, душманиву бадхоҳии ту нисбати миллати мо аз душмании ДИИШ кам нест, ба сари худи ту бадбахтии ду оламро хоҳад овард!

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода,
 раиси Шӯрои уламои
 дини вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh