Дин – ниқоби ТТЭ ҲНИ

Воқеъан ҳамагон шоҳиди чӣ тавр пайдо шудани гурӯҳҳои мазҳабӣ дар олами сиёсат ва аз як созмони мазҳабӣ ба як созмони террористӣ-ифротӣ табдил ёфтани чандин гурӯҳҳои диниву мазҳабӣ гардидем ва бинобар лозим донистем, ки оид ба ин масъала андешаҳои худро иброз намоем.

Албатта, бо баробари пайдоиши ин гуна гурӯҳҳои мазҳабӣ нахуст ҷомеа фикр мекунад, ки фаъолияти ин гурӯҳҳо фақат дар доираи мазҳаб сурат гирифта, ягон иртиботе ба сиёсат ва терроризму экстремизм надорад. Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ин гуна гурӯҳҳову созмонҳо маҳз ба хотири равнақ додани терроризм ва экстремизм дар гӯшаву канори ҷаҳон фаъолияти худро ба роҳ монда аз ҷониби кишварҳои қудратхоҳ сармоягузорӣ мешаванд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки дин ва мазҳаб танҳо василаи гумроҳсозӣ ба ин гурӯҳҳо ва созмонҳои террористӣ хизмат менамояду халос ва ин созмонҳо ягон иртиботе ба дин надоранд.

Барои мисоли чунин гурӯҳҳо метавон ТТЭ ҲНИ-ро ном бурд, ки дар номи худ калимаи исломро ба хотири гумроҳсозӣ ва сарсон сохтани мардум истифода менамояд, ки ин як хатари бузург бар ҷомеа мебошад. Дар аввали пайдоиши худ ин созмонҳои террористӣ аъзоён ва пайравони худро ба кишварҳое, ки дар он ҷо гурӯҳҳои байналмилалии террористӣ ташкил шудааст, барои омӯзиш ва тайёрии  ҷангӣ фиристода, таҷрибаи террористии худро инкишоф дод ва аслан барои кишварҳои қудратхоҳ хизмат намуд. Мутассифона то ҳол хизмат менамояд. Бинобар мо,  фаъолияти ТТЭ ҲНИ-ро маҳкум намуда, вуҷуди чунин созмонҳои террористиро хатари бузург бар амнияти ҷомеа меҳисобем.

Ниҳоят гуфтаниам, ки бояд тамоми шаҳрвандони ватани маҳбубамон доимо зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд, шукронаи тинҷию оромӣ ва осоиштагии мамлакатамонро карда, барои пешрафти Ватани азизамон хизмат намоянд.

Зиёмидинов Б.М. – дотсенти кафедраи фанҳои
риёзӣ-табиатшиносии муосири ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh