Террористон ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасанд

Таи чанд рӯзҳои охир дар сархати расонаҳои хабарии иттилои хамлаи мусаллаҳонаи гуруҳи ифротгароён ба дидбонгоҳи марзбонии «Ишқобод» мебошад, ки дар он бист нафар ниқобпӯшон мехостанд оромию осудагии кишвари моро халалдор намоянд.

Ин амали хунину нангину нобахшидани мебошад. Бино ба иттилои сарчашмаҳо ифротгароён шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикстон буда ба сафи ДИИШ-ён ҳамроҳ буданд. Барои ба максадхои нопоки сиёсии худ расидан аксаран ташкилотхои тундгаро баэътикоди динии одамон таъсир  расонда, шахрвандон, алалхусус ,кишри осебпазири чомеа, ҷавонони солиму нерумандро ба доми макру фиреб мекашанд. Бинобар ин бо бояд зиракии сиёсии худро аз даст надиҳем, ҳисси ватандорӣ, худшиносӣ, эҳтиром ба таърихи гузашта вазифаи бошарафи хар як шахси ватандӯст мебошад.

Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нуфузу обруи баландро соҳиб аст. Ташаббусҳову иқдомҳои наҷибона ва инсонпарваронаи ҳукумати кишвар дар боби ҳимояи арзишҳои олии инсонӣ, мубориза бо равандҳои номатлуби зидди башарӣ, аз қабили терроризму экстремизм ва роҳандозии ҳамкорию робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо давлатҳои хурду бузурги олам Тоҷикистонро ба кишваре табдил дод, ки дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт намунаи ибрати дигар кишварҳо гардидааст.

Кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносии
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобочон Гафуров

Add comment


Security code
Refresh