Аз шомил гаштан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ канораҷӯӣ кунем

Ташкилоти экстремистиву террористии Паймони миллии Тоҷикистон аз Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Ассосиатсияи муҳоҷирини Осиёи Марказӣ ва Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ташкил ёфта,  хадаи онҳо бошад, як - ноором кардани вазъи кишварамон аст.

Бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2019 аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф намудани ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон», манъ намудани фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бастани сомонаҳои интернетии ин ташкилот ва манъ кардани воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо ва адабиёту варақаҳои он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун тақрибан бист созмону ҷунбишро ба ҳайси созмонҳои террористиву ифротӣ шинохтаанд. Даҳҳо нафар бо ҷурми пайравӣ ва тарафдорӣ аз ин созмонҳо боздошту зиндонӣ шудаанд.

Имрузҳо баъд аз ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ ва ба имзо расидани Созишномаи умуми истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, кишвари моро дар хориҷи мамлакат бисёр давлатҳо расман мешиносанд ва муносибаҳои дӯстию бародариро ба роҳ мондааст. Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ мебошад.

Ҳамин тариқ, бояд тазаккур дод, ки имрӯз ҳар яки мо  инкишофи ҳамаҷонибаи Тоҷикистонро, ки дар натиҷа сатҳи зиндагии мардум ба маротиб беҳтар хоҳад шуд, вазифаи муқаддаси худ донем, нагузорем, ки воқеаҳои солҳои аввали ба даст даровардани истиқлолияти давлатӣ такрор ёбанд.

Аз ин лиҳоз, мо, мардуми кишвар аз ҳамин гуна ашхос ва гурӯҳҳои ғаразноку манфиатҷӯ ТТЭ ҲНИ ва Паймони миллӣ худро канор гирифта, аз онҳо даъват ба амал меорем, ки барои манфиати худ шуда давлат ва миллати худро ба сӯи нотинҷиву нооромӣ ҳидоят накунанд.

Обидова М.Р. – ассистенти кафедраи
андоз ва андозбандии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh