Кӯри худу бинои кас!

Боиси таассуф аст, ки имруз баъз аз афроде, ки худро тоҷик меҳисобанду аммо дастоварҳову пешрафти миллати тоҷикро на танҳо дида наметавонанд, ҳатто шунидан низ намехоҳанд. Баъд аз сафари  Пешвои  миллат ба кишварҳои Аврупо хоинони миллати мо, ки имрӯз дар марзи ин минтақаҳо зиндаги мекунанд, воқеан нороҳат шуда, боз сӯи кишвари худ санг андозӣ  мекунанд.

Ҷумҳури Тоҷикистон ҳамкорӣ ва ҳамгироии густурдаи минтақавию, ҷаҳониро василаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияту субот дар минтақа медонад. Густариши ҳамкори бо давлатҳои абарқудрати Аврупо имруз бар захми хоинони миллати тоҷик намак пошид, ки дигар дастовардҳои ин миллати бузургро дидан намехоҳанд. Чун медонанд, ки дар натиҷаи хуб шудани муносибати Тоҷикистон ба он давлатҳое, ки онҳо дар он ҷойҳо панохгоҳи сиёси доранд, боиси ифшо шудани чеҳраи аслии онҳо мегардад ва боиси нороҳатии онҳо мегардад, аз ин сабаб ба тӯҳматзанӣ  даромаданд.

Ман бо итминони комил мегӯям ки ин афроди бадсиришт танҳо дар фикри манфиятҳои шахсии худ буда, барояшон ягон арзишҳои милливу, суботу оромии ҷомеъа қадре надорад. Зеро инҳо низ ҳаммаслакони ҳамон терористону зархаридорон ҳастанд.

Эраҷ Салимов,
Омӯзгори кафедраи фарҳангшиносии ДДХ

Add comment


Security code
Refresh