ТЕРРОРИЗМ ВАБОИ АСР

Дар баробари ба дастовардҳои назарраси илму техника ноил гаштани инсоният дар қарни ХХI омилҳое вуҷуд доранд, ки ба амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид менамоянд. Бахусус, торафт доман паҳн карда истодани зуҳуроти ифротгароӣ ва терроризм боиси нигаронист.

 Мушоҳидаҳо ва таҷрибаҳо нишон медиҳад, ки вақтҳои охир гурӯҳҳои ифротгаро ва тафриқаангез ҳарчи бештар кӯшиш мекунанд, дар аъмоли зишти хеш ҷавонон ва шахсони ноогоҳро ҷалб намоянд. Ин гурӯҳҳои тафриқаангез ҷавононро гумроҳ намуда, ба ва ба манфиати ҳадафҳои нопоки худ истифода мебаранд. Яке аз сабабҳои гаравидани шаҳрвандон ба ин ҳизбу ҳаракатҳо ин дар сатҳи пасти иҷтимоию иқтисодӣ ва равонӣ қарор доштани онҳо аст. Онҳо бо ин амалашон натанҳо мушкилоти мавҷудаи худро ҳал карда наметавонанд, балки барои худашон ва аҳли пайвандон хатари навро эҷод намуда ё зиндонӣ, ё қурбони ин амалҳо мегарданд.

 Ба ҳамаи мо маълум аст, ки дини мубини ислом ҳамагуна зӯровариро нисбати кӯдакон, ҷавонон ва ҷомеаи башар маҳкум менамояд. Мувофиқи моддаи 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбанд. Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад”. Ташкилотҳои динӣ, ки тибқи қонун аз давлат ҷудо мебошад, ба корҳои давлатӣ дахолат намуда наметавонанд лекин давлат аз болои дин ва муассисаҳои он бемамониат назорат бурда метавонад.

 Муқаррароти Қонун доир ба роҳ надодани иштироки фарзандони ноболиғ дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ ва чорабиниҳои дастҷамъонаи динӣ, ҳамчунин манъи гирифтани таълим дар таълимгоҳҳои ғайриқонунӣ пеш аз ҳама ба хотири пешгирӣ кардани воридоти ҳар гуна афкори бегона ба мафкураи насли наврас мебошад. Зеро баъзе намояндагони дин зери парчами Ислом баромад карда, баҳри амалӣ кардани амалҳои нопоки худ, мафкураи ҷавононро заҳролуд намуда, аҳкоми шариатро ба манфиати худ фаҳмонида, ҷавононро ба роҳи ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ ҳидоят мекунанд. Ҷавонон, ки ҳанӯз мафкура ва ҷаҳонбинии сиёсиашон ташаккул наёфтааст, гуфтаҳои чунин рӯҳониёнро қабул медоранд ва ин боиси аз таълимот ва фарҳанги муосир дур мондани ин зумра ҷавонон мегардад.

 Ифротгароии динӣ маҳсули фарҳанги номукаммал ва натиҷаи ҷаҳолати мардумист.

 Имрӯзҳо чунин тамоюле ба назар мерасад, ки натанҳо баъзе ҷавонон аз кишвари мо, балки шаҳрвандон аз давлатҳои тараққикардаи дунё ҳам ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ шомил мешаванд. Ин вазъ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфуз тақозо водор менамояд, ки дар ҷараёни мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм усулҳои муосирро таҳия намояд, то решаҳои ин вабои аср аз бех канда шаванд.

 Яке аз самтҳои асосии мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм дар муҳити ҷамъиятӣ пешгирӣ намудани он мебошад. Роҳандозӣ намудани як қатор нақша чорабиниҳо, аз ҷумла вохурӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ, бо кормандони дин ва адибону олимон дар байни ҷавонон хело бамаврид буда, баҳри васешавии ҷаҳонбинии диниву сиёсии ҷавонон мусоидат мекунад.

 Дар роҳи дастгирӣ ва ҳамовозӣ ба давлати хеш имрӯз тарбияи фарҳангии ҷавонон аҳамияти муҳим дорад, зеро ҷавонон созандагони ояандаи ҷомеа буда, аз ҷаҳонбинию ҷаҳонсозии онҳо инкишофи минбаъда вобастагӣ дорад. Нақши падарону модарон, устодон, олимону адибон ва ҷамъи солхӯрдагоне, ки пастию бландии зиндагиро хуб медонанд бояд дар таълиму тарбияи насли наврас нишонрас бошад, моро лозим меояд, ки насли ҷавонро дар рӯҳияи ростию покӣ, адолату ватанпарастӣ ва худогоҳии миллӣ бо истифода аз мероси маънавии миллаташон тарбият намоянд. Масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм дар Тоҷикистон яке аз вазифаҳои муҳимтарин буда, таъмини амнияти давлат дар замина кафолат дода мешавд.

 Имрӯз моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, алайҳи ин равияи манфур муборизаро пурзур намоем. Метавон бо итминони комил иброз дошт,ки бо равона кардани тафаккури ҷавонон ба сӯи донишу касбомузӣ, ободгариву созандагӣ мо ба саодати комил мерасем, ҷумҳуриамонро аз хавфу хатарҳои глобалӣ, экстремистӣ наҷот медиҳем ва ояндаи Тоҷикистонро ба дасти нафарони худогоҳу хештаншинос месупорем.

Ф.ХОЛОВА,
ассистенти кафедраи
фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоии ДКМТ

Add comment


Security code
Refresh