Хиёнат ба Ватан нобахшиданист

Расидан ба истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик бори навбатӣ имконият дод, ки   бо такя бар зербинои мустаҳками арзишҳои миллии хеш, аз ҷумла тамаддуни куҳани аҷдодӣ, таҷрибаи ҳазорсолаи давлатдорӣ, таъриху адабиёти воқеӣ, заминаҳои худшиносии миллӣ ва рушду такомули давлати ҷавони худро ба роҳ монад. Албатта,  дастовардҳое, ки мо имрӯз аз баракати мустақилият ба даст овардаем, бароямон осон даст надодаанд. Сари ҳар қадам ҳадафи ҳамлаю ҳуҷуми манфиатҷӯёни беруна қарор гирифтаем, ки дар амалҳои муғризона ва бадхоҳонаашон ҳатман фарзандони худфурӯшу хиёнаткори миллати худамонро истифода бурданду ва доранд мебаранд.

Омӯзиши таърихи дирӯзу имрӯзи тоҷикон собит месозад, ки ҳамеша дар заиф намудану аз миён бурдани ҳувият ва давлатдории хос миллӣ, дар ҳама давру замонҳо омили дингароӣ истифода шудааст. Ба амалҳои зиддимиллӣ асосан, онҳое даст задаанд, ки ҳисси ватандорию миллатпарастӣ барояшон бегона буд.

Дар тамоми ин давраҳои таърихӣ, онҳо аз роҳи фитнаву шӯрангезӣ, зарбаи асосиро ба сӯи равшанфикрони асили миллӣ равона месохтанд. Мақсадашон танҳо яке буд, нагузоранд, ки ин бузргон қудрати фитрию зеҳнии худро, ки ҳатто асрҳо баъд аҳли илму фарҳанги ҷаҳонро тасхир намуд, ба манфиату пешрафти қавму миллаташон истифода баранд. Ҳар амале, ки зидди муқаддасоти қавму миллати худ, алайҳи манфиатҳои онҳо сурат мегирад, хиёнат аст.

Шамил Назарзода,
сокини шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh