Муборизаи дастаҷамъона бар зидди гурӯҳҳои ифротӣ

Дар раванди муосири рушди дастовардҳои илму техника, хусусан шабакаи умумиҷаҳонии интернет ҷараёни ҷаҳонишавиро вусъат бахшида, боиси бархурди тамаддунҳо гашта истодааст. Аз як ҷониб, рушди шабакаҳои иҷтимоии мазкур ба тарғиби ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳаммулпазирӣ байни намояндагони ақида, арзишҳои гуногун, мусоидат карда, аз ҷониби дигар, дар дасти гурӯҳҳои нохалафи ифротӣ воситаи қавии гумроҳсозии аксарияти ҷавонон, тавассути ҷалби онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротӣ гардида истодааст. Бояд қайд намуд, ки барои мақсадҳои ғаразноки сиёсии чунин ҳизбу ҳаракатҳо, гумроҳсозии миллионҳо афроди ҷавон, коштани тухми низоъ ва ба эътидол овардани вазъи осудаи ҷамъият маблағҳои калон, барои паҳнкунии наворҳо ва маводҳои чопии характери ифротидошта ва дигар амалҳои деструктивӣ сарф карда мешавад.

Имрӯз ба ҳамагон маълум аст, ки яке аз омилҳои таҳдидкунанда ба сулҳу субот ва якпорчагии кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистони азизи мо, ин ҳар гуна гурӯҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мебошанд, ки новобаста аз муборизаи шадид ва оштинопазири мақомотҳои дахлдор ба ҷамъияти мо таъсири манфии худро расонида истодааст.  Боиси таассуф аст, ки ҳазорҳо ҷавонон бо роҳҳои фиребу найранг ба доми ҷанг дар кишварҳои Сурия ва Ироқ кашида шуда, беному нишон гаштаанд.

Яке аз сабабҳои фирефта шудани ҷавонон ва ба доми таълимоту тарғиботи ифротӣ  афтодани онҳо ин паст будани сатҳи донишу арзишҳои аслии динӣ мебошад. Бояд на фақат дар мактабу донишгоҳҳо, балки дар ҳар як маҳаллаву ҷамоатҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷоннок карда шавад. Оид ба  гурӯҳҳои ифротиву террористӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ дар Тоҷикистон бештар маълумот дода шуда, аз мақсадҳои ғаразноки онҳо ҳамагон бояд бархурдор бошанд.

Хушбахтона бо иқдом ва ҳидояти меҳрубононаи Пешвои муаззами миллат садҳо нафар ҷавонон, ки дар мадрасаву донишоҳҳои исломии хориҷӣ таҳсил мекарданд ба кишвар бозхонда шуда, дар худи кишварамон ҳамаи шароитҳо барои сайқал додани донишҳои диниву дунявии онҳо ба мисоли Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам (раҳ.) фароҳам оварда шудааст.

Террористон ва экстримистон миллат, Ватан, мазҳаб ва ҷинсият надоранд. Бинобар ин ҷавонон ва шаҳрвандони ҷумҳурии азизамонро лозим аст, ки   ҳушёрии сиёсиро  аз даст надода, доимо дар ҳифзи ватани азиз омода бошанд ва андешаҳои ифротгароиро роҳ надиҳанд.

Имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин даҳшат ва бераҳмӣ гирифта шавад.

Дар замони муосир, ки дари илму маърифат барои тамоми инсоният боз шудааст моро, лозим аст донишу маърифати худро баланд бардорем. Ҳамаи амалҳои номатлуб маҳсули таффакури пуч ва бебунёди афроде аст, ки пойбанди ҷаҳлу таассуб гардида, ҳаёти худ ва дигаронро дар ҳатар мегузоранд. Мо аз ин амалҳо ва воқеаҳои нохуш ба хулосае омадем, ки танҳо сулҳу ваҳдат ва илму маърифат моро наҷот мебахшад.

Турдиматова П.М. – сармуаллими
кафедраи молия ва қарзи ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh