ХИРАДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ВОҚЕИЯТИ ИСТИҚЛОЛИ СИЁСӢ

Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони маҳбуб имкон фароҳам овард, ки дар тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат пешравиҳои назаррас ба даст оянд. Дар симои шахсияти оқилу дурандеш ва фидоии миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати оқилонаву дурнигаронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бахши хориҷии онро сиёсати “дарҳои кушод” ташкил медиҳад, ҷаҳониён бори дигар бо фарҳанги инсонгароиву меҳанпарастии халқи шарифи кишвар ошноӣ пайдо намуданд.

Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ иддае аз кишварҳои олам Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ҷангзада ва ноамн шинохта, аз ҳамкориҳои дуҷониба худдорӣ мекарданд. Хушбахтона, дар натиҷаи таҳти роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадани сулҳу ваҳдати миллӣ кишварҳои бонуфуз ва мутараққӣ, на балки бо Тоҷикистон ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва робитаи дӯстӣ барқарор карданд, инчунин таҷрибаи нодири сулҳофарии кишвари моро мавриди ситоиш ва омӯзиш қарор доданд.

Аз ҷумла, таҷрибаи Тоҷикистон дар ҷодаи таъмини сулҳ, ба Ватан ва макони зисти доимиашон баргардонидани қариб як миллион гуреза ва ташкили ҳамгироии иҷтимоӣ аз ҷониби ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо воқеъбинона арзёбӣ шуда, ҳамчун шеваи нодири сулҳофарӣ эътироф гардид. Ба моҳияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назар афканем, баръало мушоҳида мешавад, ки Пешвои муаззами миллат ҳанӯз аз рӯзҳои баҳодурона ба уҳда гирифтани зимоми давлатдории навини миллӣ то имрӯз ба сиёсати хориҷӣ аҳамияти хоса зоҳир намуда истодаанд.

Аз ҷумла, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал моҳи сентябри соли 1993 аз минбари Созмони Милали Муттаҳид сухан ронда, ҷомеаи ҷаҳониро бо нияту нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сиёсии сулҳҷӯёна, расидан ба ваҳдати миллӣ, инчунин, таҳкиму тақвияти ҳамкориҳо бо ҳама кишварҳои дӯсту сулҳпарвари ҷаҳон ошно намуданд. Ин андешаҳои некбинонаву дурнигарона бори дигар таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонро ба Тоҷикистон ошно сохт. Маҳз, бо дарки сулҳҷӯиву сиёсати дурбинонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахусус сиёсати умедбахши дӯстонаи хориҷӣ соли 1993 дувоздаҳ созмони байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, соли 1994 ҳашт созмони байналмилалӣ, соли 1995 ду созмон ва соли 1996 ду созмони дигар намояндагиҳои худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода, ба фаъолият шурӯъ намуданд. Қабули Қатъномаҳои Маҷмааи умумии СММ доир ба эълон гардидани соли 2003 - «Соли байналмилалии оби тоза», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об - барои ҳаёт», солҳои 2005 – 2015 ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор", солҳои 2018 - 2028" аз иқдомоти судманд ва пешниҳодоти муфиди сатҳи ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо вобаста бо масоили об аст, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон қарину наздик гардонид. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созмони илмию фарҳангии СММ (ЮНЕСКО) низ ба дастовардҳое дар заминаи муаррифии осори фарҳангию таърихии миллати тоҷик ноил шуд, ки боиси ифтихори тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон аст.

Аз ҷумла, соли 2002 ба ҳайси “Шаҳри сулҳ” сазовори ҷоизаи ин ташкилоти бонуфуз гардидани пойтахти кишвари азизамон - шаҳри Душанбе, соли 2003 ҳамчун мусиқии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ҳайси шоҳкориҳои шифоҳӣ ва фарҳангии мероси ғайримоддии башарият ба феҳрасти ЮНЕСКО ворид карда шудани “Шашмақом”, соли 2010 ба феҳрасти мероси фарҳангии умумиҷаҳонӣ ворид гардидани шаҳраки қадимаи Саразм, соли 2013 ба феҳрасти Мероси табиии умумиҷаҳонӣ шомил гардидани “Боғи миллии Тоҷикистон – Кӯҳҳои Помир”, ба феҳрасти ҷашнҳое, ки бо иштироки ЮНЕСКО дар солҳои 2014 - 2015 таҷлил шуданд, ворид гардидани 3000- солагии Ҳисор, 700 - солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон) ва 600 - солагии Абдураҳмони Ҷомӣ шаҳодати гуфтаҳои болост.

Тавре огаҳӣ дорем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 5 то 12 - уми ноябри соли равон бо сафари корӣ ба Конфедератсияи Швейтсария ва Ҷумҳурии Франсия ташриф оварда, бо роҳбарияти воломақоми ин кишварҳо, ташкилоту созмонҳои бонуфуз, соҳибкорон ва сармоягузорон, намояндагони доираҳои илму фарҳанг ва санъати тоҷик дар Ҷумҳурии Франсия суҳбат намуда, оид ба тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд ибрози назар карданд. Дар доираи ин сафари бобарор Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш ва Директори кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле суҳбати самимӣ анҷом дода, аз робитаҳои дуҷониба бо ин ниҳодҳои бонуфузи ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Инчунин, боиси хушнудист, ки дар доираи сафари муваффақона ба Аврупо муҳтарам Пешвои миллат дар Форуми Париҷ оид ба масъалаҳои сулҳ ва ҷаласаи 40 - уми Конфронси Генералии ЮНЕСКО дар масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим маърӯза карда, чанд пешниҳоди хешро гуфтанд. Ин иқдоми наҷиб ва ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат бори дигар аз сиёсати башардӯстонаи мардуми шарифи Тоҷикистон дар ақсои олам бозгӯӣ мекунад.

Мо, халқи Тоҷикистон, бо азму иродаи матин бо пайравӣ ба сиёсати муваффақонаву меҳанпарастонаи Пешвои маҳбубу муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд қадамҳои устувору баҳодурона гузошта, дар ояндаи наздик бо сарҷамъиву муттаҳидӣ Тоҷикистони азизу муқаддасро ба як кишвари пешрафта ва мутараққӣ табдил хоҳем дод.

Раъно ҲОШИМЗОДА,
раиси шаҳри Бӯстон

Add comment


Security code
Refresh