ҲНИ ХИЁНАТКОР БУДУ ҲАСТ!

Дар шароити кунунии ҷаҳони муосир имрӯзҳо гурӯҳҳои ифротгаро фаъолият бурда, ҳадафашон нооромсозии вазъи давлатҳо, ноосоиштагии мардум аст. Решаи фаъолияти гурӯҳи бадкирдори ҲНИ низ ба ҳамин мақсад рафта мерасад. Зеро ин ҳизб аз рӯзи таъсисёбиаш то ин дам ягон кори некеро барои мардум накардааст ва дар оянда низ нахоҳад кард.

 Роҳбарони ин ҳизб аз рӯзҳои аввали фаъолият интизори амру фармоиши хоҷагони хориҷии хеш буданду ҳастанд. Агар ин тавр намебуд, баъд аз ба имзо расидани Созишномаи сулҳи Тоҷикистон дар соли 1997, баъд аз бахшидани он гуноҳҳои бахшиданашавандаи солҳои 90 - уми аъзоёни ин ҳизб аз тарафи давлат, боз даст ба фитнаву фиребу корҳои разил намезаданд. Дар давраи мавҷудияти ин ҳизб мардуми диёрамон ягон нафъ надиданд, ба ғайр аз хиёнат. Ҳол он ки ин ҳизб аҳдофи худро дар асоси эътимод ба неруву хиради мардум, ноил шудан ба бунёди ҷомеаи пешрафта ва босубот бар асоси арзишҳои миллию умумибашарӣ тавсиф мекард.

Сад афсус, ки ин ҳадаф ақаллан маротибае дар нӯги забони роҳбарону аъзоёни ин ҳизб гирдгардон нашуда буду худ бехабар буданд, ки ин ҳадафро муайян кардаанд. Тамоми фаъолияташон на эътимод ба хиради мардум, балки роҳандозӣ намудани мардум ба гумроҳӣ, на ноил шудан ба бунёди ҷомеаи пешрафта балки дида натавонистани пешравӣ буд ва ҳаст. Дар умум, ин ҳизб аслан дини мубини Исломро воситаи тафриқаангезии мардум карду халос.

Аз оғоз Ҳизби наҳзат баҳри хиёнат ба мардуми кишвар фаъолият карду бас. Агар хиёнат ба халқу Ватан намешуд, аз хоҷагони хориҷиашон тақозо намекарданд, ки ба сиёсати дохилии ин кишвар дахолат кунанд. Ҳол он ки ин хиёнатҳоро худи мардум дарк карда, ихтиёрӣ аз аъзогии ин ҳизби хиёнаткор даст кашидаанд.

Гарчанд, ҳоло дар ким - кадом гӯшаи дунё нишаста, бо дастнигаронӣ ба хоҷагонашон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна овозаҳо бароварда, мехоҳанд, сулҳу оромӣ ва ваҳдату якдилии мардуми тоҷикро халалдор намоянд, имрӯз мардуми кишвари мо ба дасисаҳои беасоси онон эътимод надорад. Зеро мардуми бохиради тоҷик дигар фирефтаи ин гуна ҳизби хиёнаткору роҳбарони хоҷадор нахоҳад шуд.

Гулорохон ТӮРАЕВА,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh