Аз мост, ки бар мост…

Даъвои Сайидюнуси Истаравшанӣ, ки дар мақолаи худ тавассути шабакаи иҷтимоӣ изҳор кардааст, иғвогарона ва  ғайри қобили қабул аст. Зеро мусулмонон кишвари мо озодона ба тоату ибодат машғуланду шукри ин даврон мекунанд.

Дини мубини ислом аз ҳамон замон, ки пайдо гардид, душманони зиёде дошту дар пайи несту хароб кардани он афтода буданд. Азбаски ин дин ваҳдат, адолат, садоқат, назофат ва саломатии руҳу танро талқин менамуд, муътақидони зиёдро пайдо кард. Аммо хусумат дар вуҷуди як гурӯҳ мардуми ҷоҳил ва золим ниҳон буду неш задан мехостанд. Диданд, ки муқобилат бефоида аст, дар ниқоби дин таблиғи ниятҳои нопок ва ғаразноки хешро оғоз карданд. Имрӯзҳо байни мардум маълуманду сад афсӯс, ки бархе ҷавонон ба он гурӯҳҳо гараванд мешаванд. Хусусан, ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистии ташкилоти ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон боиси маҳкум аст. Зеро эшон дар ниқоби дин ҳадафҳои хусуматомезу таҳрифгаронаашонро мехоҳанд, амалӣ созанд. Ҷавононе ки асли дин ва таърихи онро намедонистанд, бо якчанд суҳбат пайрави онҳо мешуданд. Охир, «Ад-дину назифатун» гуфта мешавад, ки маънояш дин покизагист. Шахси муъмин набояд ҷангу ҷидолу хусумат варзад, оромӣ ва осудагиро халалдор намояд, ки ин ҳама ҳаром аст. Имрӯз кишвари мо соҳибистиқлол аст, мардуми он ба чандин дастоварди бузург ноил гаштааст, Тоҷикистон қомат рост кард, шукуфон гашт, қалбҳои мардум шоду умед ба ояндаи нек пайдо гардид. Акнун мо намехоҳем, ки ин оромии бо хуни дил бунёдгардида халалдор шавад. Тафриқаандозӣ аз азал падидаи зараровар маҳсуб ёфта, ҳанӯз паёмбари ислом умматони хешро ҳушдор мекарданд, ки дар ҷамъият ақидаҳои нодуруст ва беасноди худро паҳн накунанд ва пароканда насозанд. Дар яке аз аҳодиси паёмбари ислом омадааст: «Мехоҳед ки шуморо аз амали беҳтар аз рӯза ва беҳтар аз эҳсон ва намоз огоҳ намоям? Эҷоди сулҳ байни ду  тан». Агар чунин аст, чаро байни ҷомеа тафриқаву  ҷудоӣ меандозанд, магар Қуръон ва аҳодиси паёмбар дастури эшон нест? Пас, ин тоифа мардум душмани ислом ҳастанд ва набояд муъмин хонда шаванд!

Худ қазоват кунед, ки аз замони истиқлолият то имрӯз ҷиҳати рушди иқтисоду сиёсату фарҳанг чандин корҳои  ободиву созандагӣ ба субут расидаанд ва эъмори ҷойҳои муқаддас анҷом дода шудаанд. Соли 2009-Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон гардидан ва чоп гардидани тарҷумаи Қуръони карим, тафсири он  ва якчанд китоби судманд аз ҷумла онҳо аст. ҳоло ҳукумати мамлакат барои ҳифзи дастхатҳо чораҷӯӣ менамоянд ва  кутуби доир ба илму адабро, ки бо хати арабист,  барои баргардон ва интишор чора меандешанд. Чандин масҷиду мадрасаҳо ба истифода дода шудаанд. Бунёди масҷиди бузург дар пойтахт низ гувоҳи равшан аст. Пас иддаои як гурӯҳ нохалафону носипосон, ки дар кишвар нисбат ба дин беҳурматист, беасосу дурӯғ аст.

Бояд ҳамаи мо баҳри амалӣ гаштани ҳадафҳои неки кишвар қувваи худро равона кунем, нагузорем, ки ваҳдату ягонагии мамлакат халалдор гардад. Барои он ки ҷавонони мо ба ақидаҳои нодуруст бовар накунанд ва ба ҳар ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб гаравида нашаванд, донишу маърифати баландро омӯзонем.

Рисолати муҳими мо - устодон  на балки тарбияи мутахассисони кордон, инчунин дар сиришти толибилмон ҷо намудани ғояҳои инсондӯстӣ, меҳнатқаринӣ, меҳанпарварӣ мебошад. Танҳо сипари дониш ва маърифати баланду ҳуввияти миллӣ метавонад аз ҳар гуна  ҳуҷумҳои ғаразнок ҷавононро нигаҳ дорад. Пас, биёед,  кӯшем то  баҳор оварем ва  бо амали поку кори неки худ бор оварем.

Шафоат ФАЙЗИЕВА,
омӯзгори калони Донишкадаи политехникии
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон
ба номи академик М.Осимӣ

Add comment


Security code
Refresh