Салимпур бояд барои хиёнату гуноҳҳояш аз мардуми кишвар узр пурсад

Қабл аз оне, ки дар бораи ин ё он мавод ва ё ҳодисаву падида мақола нависем, бештар ба ҷанбаи некияш фикр мекунем ва ҳатман оқибаташро меандешем, ки ин навиштаи мо боз ба касе таъсири манфӣ нарасонад. Лек ҳоло доираи журналистика дигар гардидаву ҳадафҳои бузурги ин мактаби журналистика ҳам тағйир ёфтааст. Бубинед, дар чанд соли охир чандин афроди аз фарҳангу маънавиёт дур худро журналист ҳисобиданду, ҳатто, аз номи ин пешаи пуршараф гап мезадагӣ шудаанд, аммо дар асл бошад, чанд авбоше ҳастанд, ки барои ҷайби хеш медаванду ва аз сабаби беистеъдодиву бемаърифатӣ  ҳар рӯз як ҷанри нави журналистикаро кишф менамоянд.

Аслан ин амал замоне сар зад, ки аксарияти рӯзноманигорони тарафдори ТТЭ ҲНИ аз воқеияти ин ҳизби террористӣ огоҳ шуданд ва аз он рӯ гардониданд. Ва раёсати ин ҳизби террористӣ маҷбур шуд, ки чанд тан аз авбошони тарбиянамудаи худро ҳамчун журналист ба ҷомеа муаррифӣ кунад.

Яке аз чунин журналистони беҳунару беистеъдод Мирзои Салимпул мебошад, ки ба хотири маблағи ночизе ҳамин пешаи пуршарафи рӯзноманигориро зери по кард ва дар хидмати наҳзатиёни палид  сари зону истод. Шояд хонанда бипурсад, ки чаро беистеъдод? Ба он хотир, ки ин рӯзноманигори “донишманду” бисёр ҳам “ соҳибэҳтиром”-ро аз Радиои “Озодӣ” ба хотири ноуҳдабароиву беҳунариву беистеъдодиаш пеш кардаанд.

Ва ин алами бузург ин наҳзатии дар ниқоб демократро ором нагузошту ӯ дар олами журналистика як инқилоб кард. Салимпули аз паси мардум нонхӯрда, тавре ки дар боло гуфтем,  ҷанри нави худашро эҷод карда баромад, ки дар асл қолаби  “репортаҷ аз каҳдон”-ро мемонад. Зеро аз рӯйи қолаби эҷодии Мирзои Салимпул ягон матлаб дуруст ва бехато нашр намегардад ва ҳамаи маводҳои нашргардида ба ягон мақсадҳои нопоки ифротгароӣ  равона карда шудаанд.

Сониян Мирзои Салимпул умуман аз касбияти журналистика огоҳ нест, рукнҳо ва қоидаҳову усулҳои рӯзноманигорӣ бошад, барои ин хоин суханони кабирӣ мебошад ва ҳамаи маводҳояш бо нияти тарғиби дасисабозӣ ба нашр расонида мешавад. Аслан бошад, ӯ душмани миллати тоҷик буда, барои хоҷагони хориҷияш хизмат мекунад ва аз ҳамин ҳисоб аз радиои “Озодӣ” пеш карда шуд, то одаму одамгариро омӯзад. Аммо ба ҷойи ин боз як майдони ифротгароиро боз намуд, ки ғояҳои зиддимиллиро дар он ҷой медиҳад.

Аз ҳамин хотир Мирзои Салимпулро, ки ба хотири пул виҷдону ҳастии худро фурӯхтааст, лозим меояд, ки барои гуноҳҳои бузургаш ва хиёнатҳои рӯиросташ ба миллат аз шаҳрвандони кишвар ва тоҷикони ҷаҳон узр бипурсад ва тарки ин хиёнаткориву разолат кунад.

Ҳар фарди солимфикри кишвар дар андешаи беҳбудии Ватан  ояндаи насли фардо аст, аммо Мирзои хиёнатпеша бошад, барои ояндаи ҷайби худ фикр мекунад ва дар гумроҳ сохтани насли наврас талош меварзад, ки хиёнати бузург аст.

Парвизи Машҳур,
омӯзгори ДКМТ

Add comment


Security code
Refresh