Сулҳу субот ҳамеша поянда бод!

Сулҳу субот, оромӣ дар кишварамон  барои мо мисли обу ҳаво зарур аст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ин мақсад талош меварзад. Гузашта аз ин, тайи солҳои зиёд Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сипар на танҳо амнияти худ, балки бехатарии минтақа, кишварҳои пасошӯравӣ ва аврупоиро аз паҳншавии ҳама гуна падидаҳои номатлуби ҷамъиятӣ, ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, ғайриқонунӣ интиқолёбии маводи мухаддиру силоҳ таъмин менамояд.

Аз тариқи минбарҳои байналмилалӣ ва чи дар доираи гуфтушунидҳо бо роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ пайваста даъват меорад, ки  ба таъмини сулҳу субот дар тамоми олам таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир шавад.

Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттилооте паҳн гардидаанд, ки муаллифони он ғояҳои муғризона дошта, мақсади муайяне надоранд.

Бояд арз кунам, ки душманони миллат дар ҳама ҷо ки бошанд, мардуми тоҷикро бадном кардан мехоҳанд, зеро на ғурури миллӣ доранд ва на дӯстдори ин халқу миллатанд. Агар ин палидони миллатситез ғурури миллӣ медоштанд, ба ботлоқи расвоӣ ва бадтиннативу бадрӯзгорӣ ғӯта намезаданд.

Бояд донист, ки ҳама гуна фикру андешаҳо, иғвою дасисабозиҳо, кӯшишҳои нодурусти ғайриқонунӣ харгиз ба мақсади худ намерасанд.

Б.САМАДОВ,
дотсенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh