ИСТАРАВШАНИ ТАЪРИХӢ ЗОДГОҲИ ТЕРРОРИСТОНЕ ЧУН САЙИДЮНУС НЕСТ!

Боиси нафрату надомати мардуми кишвар гардидани як навиштаи ҳангомахоҳонаи Сайидюнуси Истаравшанӣ худ далолат ба он мекунад, ки ҲНИ дигар дар Тоҷикистон мавқеъ надорад. Мо хуб медонем, ки дар оғози фаъолияти хеш ҲНИ бо паҳн кардани маълумотҳои бардурӯғ як маротиба кишвари моро ба оташи ҷангу нифоқ кашида буд. Ин ҷанги хонумонсӯзи дохилӣ воқеаи даҳшатбор дар таърихи кишварамон ба шумор меравад.

Агар дар сари қудрат мисли ҳамин нафароне чун Сайидюнуси Истаравшанӣ ва Кабирии хоин бошанд, онҳо қодиранд, халқи тоҷикро нобуд сохта, хоҷагонашонро дар минтақа мустақар созанд.

Таҷрибаи чандин кишварҳое, ки дар онҳо ҳизбҳои динӣ бо номҳои гуногун амал мекунанд, исбот кардааст, ки ҳеҷ пешравие дар он мамолик ба вуҷуд наомадааст. Баръакс, миёни худи ин иттиҳодияҳои сиёсӣ гоҳо хушунату тазод барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ба авҷи аъло расида, дар маҷмӯъ монеаи рушди бомароми он давлатҳо гардидааст. Ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби Наҳзати Ислом беш аз 40 сол дар саҳнаи сиёсати Тоҷикистон амал кард.

То кунун баъзе фирориёни ин ҳизби террористиву ифротӣ эълоншуда дар хориҷа аз адолату ҳуқуқи инсон даъво мекунанд, аммо боре нашуда, ки амалҳои хешро дар тарозуи воқеият баркашида, ба хулоса оянд, ки чӣ коре барои пешрафти Тоҷикистон анҷом додаанд. Ба назар чунин мерасад, ки онҳо дар муборизаи иттилоотӣ бо мардуми шарифи Тоҷикистон танҳо нестанд, созмонҳои тундгаро ва иғвоангез дар тӯҳмату бӯҳтон ва бадкориҳо ҳамроҳи онҳоанд.

Аслан, бо номи поки Ислом ҳизб сохтан онро барои сиёсат сӯиистифода кардан аст. Ихтилоф ангехтан бо мақсади дарёфти обрӯву манзалат аз бадтарин фитнаҳост.

М.АБДУЛЛОЕВА,
декани факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров

Add comment


Security code
Refresh