ДИДАИ НОТАВОНБИН НЕКРО НАБИНАД

Бале, Ислом ба зоти худ дини поку беолоиш аст. Онро неруҳои иртиҷоие, чун ДОИШ, Ҳизби наҳзати ислом, ҳаракатҳои тундгарои дигар, ки фаъолияташон дар Тоҷикистон ва бисёр мамлакатҳо мамнӯъ эълон шудааст, бо истифода ба номи Ислом бадном карданӣ мешаванд.

Инро воқеаҳое хунине, ки дар мамолики Шарқи Наздик солҳои охир бо дасиса ва иштироки ифротгароён сурат мегирад, собит месозанд. Раванди дигаре, ки мухолифин бо он давлатҳои низомашон дунявӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро бадном карданӣ мешаванд, исломҳарос вонамуд кардани сиёсати ин давлатҳост.

Далели ин мақолаи ба ном олими “исломшинос” Сайидюнуси Истаравшанӣ таҳти унвони “Исломҳаросие, ки дар Тоҷикистон ба роҳ афтода натиҷа медиҳад?” аст, ки дар сомонаҳои мухолифин нашр шудааст. Ба ростӣ, ин даъвои бепояро нафаре пеш мегузорад, ки аз воқеияти Тоҷикистон комилан огоҳӣ надорад, аз озодиҳое, ки ба диндорон барои ба ҷо овардани заруриёти динӣ вогузор шудааст, бехабар аст. Ӯ дарк кардан намехоҳад, ки дар Тоҷикистон низ чун дигар давлатҳои рӯ ба тамаддун ва дорои низоми демократӣ ҳама корҳо тибқи қонун роҳандозӣ мешаванд, аз ҷумла озодиҳои динӣ низ.

Бовар дорам, ки ӯ шояд огоҳ ҳам ҳаст, вале аз ғояти бадбинӣ эътироф кардан намехоҳад. Барои мисол танҳо дар шаҳру деҳоти Панҷакент 1 масҷиди ҷомеи марказӣ, 8 масҷиди ҷомеъ ва 128 масҷиди панҷвақта ба ихтиёри мусалмонон вогузор шудааст ва имом - хатибони онҳо ағлаб аз хатмкардагони мадориси динӣ ва донандагони хуби қавонини исломӣ баргузида шудаанд. Муҳимтар аз ин, мардум ба ҳарфи неки онҳо гӯш медиҳанд, ба онҳо эҳтиром мегузоранд.

Ба назари муаллифи ин “мақола” онҳо набояд аз сиёсати давлат ҷонибдорӣ намоянд. Хушбахтона, ходимони дин дар Тоҷикистон қонунписанду ватандӯст ҳастанд ва мардумро ба роҳу кори нек ҳидоят мекунанд. Ин ба ҷаноби Истаравшанӣ писанд нест. Зиёда аз ин, идҳои саиди Фитр ва Қурбон чун идҳои расмӣ бо рӯзи истироҳат таҷлил мешаванд ва ҳар сол ҳазорҳо нафар ба зиёрати Каъба мушарраф мегарданд.

Рӯзҳои наздик бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ маҳз дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе дари худро ба рӯи муслимин боз мекунад.

Т.СОЛЕҲЗОДА

Add comment


Security code
Refresh