Дасисаҳои фитнаангезро маҳкум менамоем!

Имрӯз ҳар як шахси ватандӯсту ватанпарвар, ки тақдири миллату давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон барояш муҳиму азиз аст, ба хубӣ дарк ва эҳсос менамояд, ки сари вақт сараро аз носара, некро аз бад ҷудо намудан ва алайҳи ҳама гуна тафриқаангезиву ифротгароӣ вокуниши сахт нишон додан вазифаи ҷониву муқаддаси шаҳрвандӣ мебошад.

Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар марҳалаи муҳими рушд ва тараққиёти худ қарор дорад. Кишвари мо имрӯз бо ташаббусҳои наҷиб ва созандагиву бунёдкориҳои бесобиқа на танҳо дар арсаи сиёсати дохилӣ ва низоми давлатдории миллӣ собитқадам пеш меравад, балки дар арсаи сиёсати байналмилалӣ ва бархӯрдҳои ҷаҳонишавӣ мавқеи мустаҳками сиёсӣ касб намудааст. Ба ин рӯзи пурсаодат, амнияту осоиштагии Ватан ва зиндагии ободу осоиштаи мардуми сулҳпарвари кишвар назар афканда, тафовути ин рӯзу рӯзгорро бо рӯзҳои сахту мудҳиши солҳои 90 - ум, даврҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар кишвар возеҳу равшан эҳсос менамоем. Дар паси он ҳама фоҷиаҳои миллӣ ва бесарусомониҳо маҳз манфиатталошии иддае аз шахсон буд, ки барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ аз тамоми имконияту воситаҳо мехостанд истифода намоянд. Воқеияти зиндагӣ сахт ба иштибоҳ афтодани ин тоифа иғвоангезони исломишиорро собит намуд, беҳтарин сабақро таърих барои ҳар яки мо дод.

Имрӯз афроде ба монанди Сайидюнуси Истаравшанӣ ин ҳама дастоварду пешравиҳои давлати ободу зиндагии осоиштаи мардуми Тоҷикистонро сарфи назар намуда, мехоҳанд, сулҳу суботро дар кишвари тинҷу осудаи Тоҷикистон аз байн баранд. Дар расонаҳои интернетӣ паҳн шудани навиштаҳои беасосу комилан пучи ин исломгаро мо – шаҳрвандони озодипарвару озодихоҳро хомӯшу бетараф гузошта наметавонад.

Матлабҳо ва вокунишҳое, ки доир ба дасисабозии ин иғвоангези навбаромад дар сомонаҳои интернетӣ ва васоити ахбори омма нашр ва расонаӣ мешаванд, бори дигар собит месозад, ки имрӯз вазъи мураккаби ҷаҳони муосир аз ҳар як нафар сокини ин кишвари обод муносибати огоҳона ва ҳушёрии ҷиддии сиёсиро тақозо менамояд.

Сайидюнуси Истаравшанӣ бо истифода аз имконоти барояш дастрас мехоҳад ба чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ хок пошида, воқеиятро баръакс ба тасвир кашад. Дар ибтидои солҳои 90 - ум ноогоҳии ҷомеаи кишвар аз асли ҳадафҳои ин равияи хатарзо боиси талафоти азим гардид. Махсусан кӯшиши ворид намудани фарҳанги бегона дар кишвар ҳоло низ боиси ташвиш аст.

Хушбахтона, имрӯз кишвари озоду соҳибихтиёри мо ва ҷомеаи пешрафтаву мардуми саодатманди ин кишвари обод пеши роҳи ин гуна иғвоҳоро гирифта метавонад. Имрӯз дар ҷомеаи мо ақлу андешаи солим ғалаба дорад ва мардум андешаҳои нодуруст ба монанди навиштаҳои Истаравшаниро ҷиддӣ маҳкум менамоянд. Имрӯз барои фаъолияти озоду осоиштаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароиту имкониятҳо фароҳам оварда шудааст.

Пас моро зарур аст, ки ба қадри ин неъмати бебаҳои зиндагӣ, яъне сулҳу субот расида, бо кору рафтори созандаи худ диёрамонро боз ҳам ободтар гардонем ва ба сӯи ояндаи ободу осоишта қадамҳои устувор гузорем.

Муҳаммадҷон ИСМАТДИНОВ,
директори филиали МД «Донишкадаи ҷумҳуриявии
такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф»
дар вилояти Суғд, номзади илмҳои химия

Add comment


Security code
Refresh