Кирдори душманони миллат нобахшиданист!

Ба ҳамагон маълум аст, ки хоинони Ватан дар кишвар бо супориши хоҷагони хориҷиашон ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро ташкил намуданд ва мақсади аслиашон ба қисматҳо тақсим намудани Ватан буд. Шукрона, пеши роҳи ин нақшаи душманони миллат гирифта шуд.

Ҳоло насли ҷавон бояд огоҳӣ дошта бошад, ки аъзои ташкилоти террористӣ - экстремистии ҳизби наҳзат ба хотири сарвату дороӣ боз ҳам амалҳои нангинро содир мекунанд.

Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 160 давлати ҷаҳон робитаи дипломатӣ барқарор намудааст ва бо зиёда аз 100 давлати ҷаҳон иртиботи тиҷоратӣ ба роҳ мондааст, ки бисёр нишондиҳандаи назаррас мебошад.

Вале ҳамаи инро тангназарону нотавонбинон – хоинони миллат ба инобат нагирифта, имрӯз аз хориҷи кишвар истода, сангандозӣ мекунанд.

Ҳамарӯза тариқи сомонаҳои сохтаи худ ахбори бардурӯғу иғвобарангезро ба нашр мерасонанд, ки аз фазилати инсонӣ дур ва хилофи муқаррароти байналмилалӣ мебошад. Ҳоло наҳзатиён барои гумроҳ намудани насли наврас талош менамоянд ва барои ин амали номардонаву хиёнаткоронаи худ боз маблағ мегиранд.

Аз ин лиҳоз, мо - шаҳрвандони кишварро зарур аст, ки ба хотири гумроҳ нагардидан ва фирефтаи ин хоинони миллат нашудан бояд аз мутолиаи маводҳои тарғиботии ин тоифаи бадниҳод худдорӣ варзем ва ҷавононро эҳтиёт намоем, то ба мафкураашон андешаҳои ботил роҳ наёбад.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф кардааст, ки ТТЭ ҲНИ яке аз созмонҳои террористӣ-экстремистӣ мебошад ва дар тайи фаъолияти худ аз ҷониби аъзоёнаш даҳҳо амалҳои террористиву экстремистӣ дар қаламрави кишвар содир карда шудааст, ки ин нобахшиданист ва, албатта, ин симои нангини наҳзатиён мебошад.

Имрӯз ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, ки барои решакан намудани ифротгароӣ, пешгирии паҳншавии падидаҳои номатлуб талош намояд.

Меҳвар АБДУСАЛОМОВ,
омӯзгори Донишкадаи кӯҳӣ - металлургии
Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон

Add comment


Security code
Refresh