Ҷавононро дар рӯҳияи худогоҳӣ тарбия намоем!

Терроризму экстремизм аз зуҳуроти номатлубест, ки дар нимаи дуюми асри ХХ мавриди омӯзиш ва таҳлили ҳарчи бештари коршиносони соҳа қарор гирифт. Зеро он мудҳиштарин ҷиноят дар ҳаёти инсонӣ буда, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвишу изтироб овардааст.

Тибқи таҳлили коршиносон, заъфи маърифати ҳуқуқӣ, надоштани донишҳои амиқи диниву дунявӣ яке аз омилҳои асосии гаравидан ба ин раванди хатарнок аст. Дар ин миён зуҳуроти аз ҳама хатарноктар ин экстремизми динӣ мебошад, ки феълан ҷомеаи ҷаҳониро гирифтори фалокатҳои зиёд намудааст.

Бешубҳа, имрӯз як қатор гурӯҳҳои ифротгарову террористӣ бо истифода аз номи поки дини мубини Ислом ба ҳар гуна амалҳои даҳшатноку зишт даст мезананд, ки ба паҳншавии афкори исломситезӣ боис гардидааст. Амалҳои онҳо дар минтақаҳои гуногуни олам миллионҳо нафарро гирифтори хавфу хатар карда, зиёда аз 100 кишвари дунёро зери ҳадаф қарор додааст, ки аз ин садҳо ҳазор аҳолии осоишта ба ҳалокат расида, миллионҳо нафар макони зисташонро тарк кардаанд.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ талошҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар амри ба роҳ мондани муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ дарк менамоянд ва ташаббусҳои кишвари моро дар ин самт дорои аҳамияти муҳим медонанд. То кунун Тоҷикистони соҳибистиқлол мизбони чандин нишасту ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонӣ вобаста ба тақвияти муқовимат бо терроризму ифротгароӣ шудааст, ки баргузории Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузори он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” намунаи барҷаста буда метавонад.

Ин чорабинии байналмилалӣ, ки бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҳамкорӣ ва ҳамдастии Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо моҳи майи соли 2019 доир шуд, барои ҷомеаи башар дорои аҳамияти хеле муҳиму саривақтӣ мебошад.

Дар шароити муосир моро зарур аст, ки дар партави сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумат ҷавононро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намоем, то онҳо аз равияҳои номатлуби ҷомеа дур бошанд.

Аз ин рӯ, дар тафаккури ҷавонону насли наврас ақидаҳоеро зеҳннишин гардонем, то дар муқобили муборизаҳои идеологии гурӯҳҳои тундрави ифротгаро дастболо шаванд. Дар ин сурат мо муваффақ мешавем, ки сулҳу амнияти давлати худро пойдор ва аз ҳар гуна хатарҳои эҳтимолӣ эмин нигоҳ дорем.

Дилоро ҒОИБНАЗАРОВА,
омӯзгори Гимназияи №4,
шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh