НИЯТИ НОПОК АМАЛӢ НАХОҲАД ГАШТ!

Вазъи мураккаби баъзе аз мамлакатҳо нишон медиҳад, ки падидаи номатлуби ҷомеа – терроризм ва экстремизм рӯз то рӯз вусъат мегирад. Зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав сабаби муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра ва шиддат гирифтани бӯҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам мегардад.

Дар гӯшаҳои гуногуни дунё фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ниҳодҳои маблағгузори он ба мушоҳида мерасад. Имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб кардааст.

Он дар минтақаҳои том ва умуман ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳидаю минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд.

Ҳаводиси даҳсолаи аввали асри ХХI ҷомеаи ҷаҳониро водор месозад, ки масъалаи нақши ҳуқуқи байналмилалиро ба таври умум бознигарӣ кунад.

Воқеаҳои хунини Сурия ва Ироқ, қувват гирифтани ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, ки аз номи дини мубини Ислом амал карда, онро чун воситаи расидан ба мақсадҳои нопоки худ истифода мебаранд, бешак, барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари ҷиддӣ эҷод намудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ, минтақа ва ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт талош меварзад.

Дар ин самт мо - омӯзгоронро низ зарур аст, ки барои ҳамаҷониба густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, бахусус ҷавонону наврасон камари ҳиммат бандем.

Гуландом Раҳимова,
омӯзгори МТМУ №9,
шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh