Ҳадафҳои нопок амалӣ намешаванд!

Муғризон ва хоинони миллат чун диданд, ки амалҳои нопокашон ба ҳадафи аслиаш намерасад ва миллати тоҷик соҳибфарҳангу соҳибдавлат асту рахнаандозӣ ва тафриқаандозӣ, баръакс, миллати тоҷикро муттаҳид мекунад, тактикаи душманонаи худро дигар намуда, акнун ба он даст мезаданд, ки нопоку разилонро аз байни худи тоҷикон дарёбанд. Ин буд, ки бо ҷалби маблағҳои ҳангуфт аз хоҷагони разил, нафарони ҳирси хиёнаткорро аз дохили кишвар дарёфтанд ва бо заҳролуд кардани майнаи пучашон онҳоро омода карданд, ки бешармона ба миллату аҷдодони худ амалҳои ношоистаро анҷом диҳанд.

Чунин падидаи номатлуб ба сифати гурӯҳи муташаккил ҷамъ гардидан аз нафарони майнапуч рӯйи кор омад, ки хиёнатпешаю сиёҳдилии ононро то имрӯз мардуми бофарҳангу боору номуси кишвар эҳсос менамоянд. Нафаре, ки майнааш холию заҳролуд бо иғвою бӯҳтон аст, ҳеҷ вақт натавонад орому осуда будану зистан, зеро ин тоифа тинати нек надоранд, разиланд. Таассуфовар аст, ҳазорҳо нафар ҷавонони майнаи беолоишдошта ва аз муқаддасоти дини Ислом ноогоҳи қишрҳои мухталифи ҷомеа фирефтаи ниятҳои разилонаи нафарони нопок мешаванд. Онҳо бехабаранд, ки ин зумраи муғризони виҷдонфурӯшу ватангадо бо маблағи хоҷагони хориҷӣ майнаи онҳоро заҳролуд кардаанду рӯҳу ҷисми онҳоро бо мақсадҳои нопоки худ идора мекунанд.

Зиндагонӣ дар ҷомеаи солиму осуда, соҳиби оилаи пойдор, ҷойи кори мувофиқ, муносибати хубу муоширати озод бо ҳамкорону ҳамсоягон, дӯстону хешу ақрабо, ифшои озодонаи андешаҳои фитрӣ ва дигар музаффариятҳои даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро нодида гирифтани нафарони нопок аз разолати онҳо шаҳодат медиҳад. Зеро ҳар фарде, ки соҳибтафаккур асту ҷаҳонгашта, бохабар аз навгониҳои олам, огаҳӣ дорад, ки дар ҷаҳон ягон давлате, ки ҳукумати қонуниаш бо халқаш доимо ҳамдилу ҳамтинат, пайвасту муттаҳид бошанд, ангуштшуморанд. Кишвари мо давоми давраи кӯтоҳи соҳиб истиқлолӣ соҳиби дастовардҳои бузурги таърихӣ гашт, тавонист, ки дар арсаи ҷаҳонӣ миллати тоҷикро бо иқдомҳои шоистааш ҷиҳати истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, пешгирии паҳншавии маводи мухаддир, муқовимат ба падидаи номатлуби терроризму экстремизм бо сарбаландӣ муаррифӣ намояд. Ин дастовардҳои танҳо нафарони разилу бадтинат, иғвогару тафриқаандоз, хоину хиёнатпеша дида наметавонанду дур аз Ватани аҷдодии хеш истода, сангпартоӣ мекунанд. 

Итминони комил дорам, ки ҷомеаи яктану муттаҳид, соҳибваҳдату тамаддунофари кишвари мо баҳри расидан ба ҳадафҳои олии инсонӣ ҳамеша сарҷамъ ҳастанду нерӯи ақлию ҷисмонии худро баҳри орому осудагии Ватани зебоманзарашон сарф менамоянд ва ягон нохалафро намегузоранд, ки мақсадҳои муғризонаашро амалӣ намояд.

Мурод СОБИРОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

Add comment


Security code
Refresh